Роқими Самарқандӣ
(Тағйири масир аз Сайид Роқими Самарқандӣ)
Мирсайид Шариф Роқими Самарқандӣ (форсӣ: میر سید شریف راقم[1]; қарни XVII) — шоир ва таърихнигори форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАз оилаи мансабдор. Дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Чанде аз қасидаву ғазал ва рубоиҳои Роқим дар тазкираву баёзҳои асрҳои 17—19 дарҷ ёфтаанд, ки аз истеъдод ва табъи баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Девони Роқим дастрас нест. Роқим доир ба таърихи Хуросону Мовароуннаҳр асаре дорад, ки мувофиқи маълумоти Малеҳои Самарқандӣ («Музокиру-л-асҳоб») дар асри 17 бо номи «Таърихи Сайидроқим» маълум буда, таҳрири охиринаш аз тарафи муаллиф соли 1702 анҷом ёфтааст.
Ин асари Роқим соли 1915 дар Тошканд дар ҳошияи тазкираи «Туҳфату-ул-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб»-и Возеҳ бо унвони «Таърихи касира» чоп шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ راقم، میر سید شریف. دایرة المعارف اسلامی.
Адабиёт
вироиш- Роқим / А. Зуҳуриддинов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).