Саййидҷалоли Ҳусайнии Бадахшонӣ

Бадахшонӣ بدخشانی Саййидҷалоли Ҳусайнӣ (1941, вилояти Бадахшон, Афғонистон) — файласуф, шарқшинос.

Саййидҷалоли Ҳусайнии Бадахшонӣ

Фаъолияташ аз муовини директори Китобхонаи марказии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад оғоз шуда, баъдҳо директори китобхонаи Институти таҳқиқоти исмоилӣ (аз соли 1979) буд. Соли 1989 рисолаи докториро дар бахши фалсафаи Ислом дар Донишгоҳи Оксфорд дифоъ карда, аз он вақт то ҳол корманди пешбари илмии Институти таҳқиқоти исмоилӣ мебошад. Ба Тоҷикистон бори нахуст соли 1991 омада буд. Аз ҳамин сол Б. узви Ҷамъияти байналхалқии ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд», аз соли 1993 узви кумитаи иҷроияи он мебошад.

Б. доир ба таърихи фалсафа, таърихи дин ва ҷанбаҳои алоҳидаи фарҳанги мардуми Шарқ таҳқиқоти ҷолибу арзишманд дорад: китобҳои «Биниш ва амал», «Шарҳи ҳоли равони уламои мусулмон», тарҷумаи англисии «Сайру сулук» ва «Равзат-ут-таслим»-и Насируддини Тусӣ ва амсоли инҳо. Б. «Девони қиёмат»-и Ҳасан Салоҳи Муншӣ (аз шуарои низории давраи Аламут), тарҷумаи нави «Оғозу анҷом», «Таваллову табарро» ва «Матлубу-л-муъминин»-и Насируддини Тусиро ба нашр омода кардааст.

Сарчашма

вироиш