Вилояти Бадахшон (Афғонистон)
Вилояти Бадахшон (дарӣ: ولایت بدخشان) — яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст.
بدخشان | |
38° с. ш. 71° в. д.HGЯO | |
Кишвар | Афғонистон |
Шомили | 28 ноҳия |
Маркази маъмурӣ | Файзобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 3 669 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+04:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | AF-BDS |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бадахшон дар шеърҳои шоирон ба кайфияти лаъли худ маъруф будааст. Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст. Ин вилоят дар соли 1895 миёни ду импиротурии Русия ва Бритония ба ду бахш тақсим гардид. Як бахши ин вилоят бо номи Бадахшон ба Русия таъаллуқ гирифт, ки баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) бо марказияти шаҳри Хоруғ шуд ва бахши дувум бо марказияти шаҳри Файзобод ба Афғонистон паӣваст. Русия ва Бритония рӯди Панҷро чун марзи табиъӣ пазируфта ва бо сутунҳои марзӣ нишонагузорӣ карданд.
Маркази вилояти Бадахшон шаҳри Файзобод аст, ки 315 км шимолу шарқтар аз шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дар канори рӯди Кӯкча ҷой гирифта аст ва 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Ҷойгоҳ
Дар шимолу шарқи Афғонистон ҷоӣ дорад.
Ин вилоят аз шимолу ғарб — бо вилояти ХатлониТоҷикистон, аз шимолу шарқ — бо ВМ Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, аз шарқ — бо Чин, аз ҷануб — бо Покистон, дар ғарб — бо вилояти Тахор, дар ҷанубу ғарб бо вилоятҳои Нуристон ва Панҷшер ҳамсарҳад аст.
Номдорон
- Бурҳонуддин Раббонӣ — раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ва раисҷумҳури пешини Афғонистон
- Тоҳир Бадахшӣ — фаъоли сиёсӣ ва раҳбари созмони инқилоби заҳматкашони Афғонистон (СОЗО)
- Латиф Пидром — шоъир, раиси ҳизби Кунгреи миллии Афғонистон ва узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон
- Фавзия Куфӣ — фаъоли ҳуқуқи занон, раиси Мавҷи таҳаввули Афғонистон ва узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон
- Устод Аҳмад Лоҳурӣ — меъмори аршади Тоҷмаҳал
Мардум
Аксарияти бошандагони ин вилоятро тоҷикон ташкил дода ва ба забони дарӣ ва забонҳои бадахшонӣ сухан мегӯянд.
Аҳолӣ — 1 054 087 нафар (соли 2021).
Таърих
Ҳукумат
Иқтисодиёт
Омӯзишу парвариш
Беҳдошту беҳзистӣ
Бахшбандии идории вилояти Бадахшон
Вилояти Бадахшон 28 вулусволӣ ё ноҳия дорад:
Вилояти Бадахшон |
№ | Ном | #Нақша | Марказ | Мардум | Паҳноварӣ | Шумораи рустоҳо ва гурӯҳои қавмӣ |
1 | Аргу | 6 | 83,999 | 1,032 km2 | 145 русто. 60 % узбак ва 40 % тоҷик. | |
2 | Арғанҷхоҳ | 6 | Таговак | 12,000 | ||
3 | Баҳорак | 7 | Баҳорак | 33,012 | 328 km2 | 51 русто. 60 % Тоҷик, 35 % узбак ва 5 % паштун. |
4 | Вардуҷ | 7 | Чокарон | 6,609 | 929 km2 | 45 русто. 90 % тоҷик ва 10 % узбак. |
5 | Вахон | 13 | Хандуд | 11,657 | 10,953 km2 | 110 русто. тоҷик, қирғиз. |
6 | Дароим | 6 | Шаҳри сафо | 72,000 | 570 km2 | 101 русто. 80 % тоҷик, 15 % узбек ва 5 % ҳазора. |
7 | Ёвон | 4 | Ёвон | 27,000 | ||
8 | Зебок | 12 | Зебок | 26,430 | 1,521 km2 | 62 русто. 99 % тоҷик ва 1 % дигар қавмҳо. |
9 | Ишкошим | 8 | Ишкошим | 12,566 | 1,123 km2 | 43 русто. |
10 | Кишм | 9 | Машҳад | 71,262 | 264 km2 | 100 русто. 60 % тоҷик, 37 % узбак, 10 % балуч, 1 % ҳазора ва 1 % баёт. |
11 | Курону Мунҷон | 11 | Курон ва Мунҷон | 8,084 | 1,588 km2 | 42 русто. 100 % тоҷик. |
12 | Кӯфоб | 2 | Қалъаи Кӯф | 16,000 | ||
13 | Кӯҳистон | 4 | Паси пул | 12,000 | ||
14 | Дарвози Поён | 1 | Ҷомарчи Боло | 12,000 | ||
15 | Дарвози Боло | 1 | Нусай | 31,195 | 4,589 km2 | 16 русто. тоҷик. |
16 | Роғистон | 4 | Зиракӣ | 37,000 | ||
17 | Тагоб | 9 | Қалъаи даҳана | 22,000 | ||
18 | Тишкон | 9 | Дашти занбӯр | 26,850 | 812 km2 | 57 русто. 70 % тоҷик, 20 % ҳазора ва 10 % узбак. |
19 | Файзобод | 6 | Файзобод | 96,826 | 514 km2 | 175 русто. 97 % тоҷик ва 3 % дигар қавмҳо. |
20 | Хош | 10 | Шаҳрон | 15,436 | 264 km2 | 21 русто. 70 % тоҷик, 20 % узбак ва 10 % муғул ва балуч. |
21 | Хоҳон | 2 | Хоҳон | 27,000 | 80 km2 | 46 русто. тоҷик. |
22 | Ҷурм | 10 | Ҷурм | 51,714 | 1286 km2 | 75 русто. 95 % тоҷик ва 5 % узбак. |
23 | Шаҳри бузург | 5 | Шаҳри бузург | 80,000 | 956 km2 | 74 русто.100 % тоҷик. |
24 | Шикай | 1 | Ҷорф | 27,000 | 1,700 km2 | 38 русто. 100 % тоҷик. |
25 | Шуғнон | 3 | Башор | 27,750 | 3528 km2 | 28 русто. тоҷик ва қизилбош. |
26 | Шуҳадо | 7 | Сари майдон | 26,430 | 1,521 km2 | 62 русто. 99 % тоҷиқ ва 1 % дигар қавмҳо. |
27 | Ямгон | 7 | Дашти ғармӣ | 30,000 | 1,779 km2 | 39 русто. 100 % тоҷик. |
28 | Яфтали Поин | 6 | Ноланд | 60,000 | 605 km2 | 93 русто. 60 % тоҷик ва 40 % узбак. |
Пайнавиштҳо
- ↑ 1.0 1.1 1.2 د هېواد د وګـړو اټکل ۱۳۹٩ // June 2020 — National Statistics and Information Authority.
Вилоятҳои Афғонистон | |
---|---|
Бағлон • Бадахшон • Балх • Бодғис • Бомиён • Вардак • Ғазнӣ • Ғӯр • Дойкундӣ • Зобул • Кобул • Кописо • Қундуз • Кунар • Қандаҳор • Лағмон • Лӯгар • Нангарҳор • Нимрӯз • Нуристон • Пактико• Пактиё • Панҷшер• Парвон • Самангон • Сарипул • Тахор • Урӯзгон • Фароҳ • Фориёб • Хуст • Ҳелманд • Ҳирот • Ҷӯзҷон |