Сайлӣ Раҳмонова (6 январи 1947, деҳаи Сасиқбулоқ, ноҳияи Ҷиргатол) — картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1986). Узви КПСС аз соли 1969.

Сайлӣ Раҳмонова
Таърихи таваллуд 6 январ 1947(1947-01-06) (77 сол)
Зодгоҳ деҳаи Сасибулоқ, ноҳияи Ҷиргатол
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1986
Ордени Ленин Ордени Инқилоби Октябр Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Зиндагинома вироиш

Сарпионервожатийи мактаби миёнаи № 12 (1966) ва мудири яслӣ (1967—1971). Аз соли 1971 аввал сардори бригадаи картошкапарварии комсомолону ҷавонони совхози «Лахш» ва баъд совхози «Қизилсӯ» — и ноҳияи Ҷиргатол. Бригадаи ӯ солҳои 1980—1986 аз 120 га замин ба ҳисоби миёна 297 сентнерӣ ҳосили картошка рӯёнд.

Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 9 — 10) ва вакили Съезди 20 — уми ПК Тоҷикистон.

Ҷоизаву орденҳо вироиш

Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр ва Байрақи Сурхи Меҳнат қадрдонӣ шудааст.

Некдошт вироиш

Дар соли 2022 деҳоти Алғаи ноҳияи Лахш ба деҳоти Сайлиобод барои хотироти ӯ номгузорӣ шуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Раҳмонова Сайлӣ / В. Умаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).


Пайвандҳо вироиш