Бувайсар Сайтиев

(Тағйири масир аз Сайтиев Бувайсар)

Бувайса́р Ҳами́дович Сайти́ев (чеч. Сайтин Хьамидан кlант Бувайсар; тав. 11 март 1975, Хасавюрт, ҶМШС Доғистон, РСФСР, ИҶШС) — варзишгари русиягии куштии тарзи озод. Вакили Думаи давлатӣ аз Доғистон[1][2][3].


Бувайсар Ҳамидович Сайтиев
чеч. Сайтин Хьамидан кlант Бувайсар
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар  Русия
Тахассус freestyle wrestling[d]
Зодрӯз 11 март 1975(1975-03-11) (49 сол)
Зодгоҳ
Корномаи варзишӣ 1982 — то ҳол
Мураббӣ
Қад 180 сантиметр
Вазн 74 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Яке аз ҷоизадортарин варзишгар дар таърихи куштии тарзи озод. Қаҳрамони секаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (1996, 2004, 2008), қаҳрамони шашкаратаи ҷаҳон (1995, 1997, 1998, 2001, 2003, 2005), қаҳрамони шашкарати Аврупо (1996, 1997, 1998, 2000, 2001, 2006), қаҳрамони чоркарати Русия, ҳафт карат барандаи мусобиқаи Красноярски бузургдошти хотири Иван Яригин, барандаи Бозиҳои иродаи нек (1998), устоди хидматнишондодаи варзиши Русия (1995).

Зиндагинома

вироиш

Кӯдакӣ

вироиш

11 марти соли 1975 дар шаҳри Хасавюрти Доғистон таваллуд шудааст. Аз шашсолагӣ ба тамрини куштии тарзи озод машғул шудааст. Дар сездаҳсолагӣ падараш дар садамаи нақлиётӣ аз олам гузашт. Модараш ба танҳоӣ чор писар ва ду духтарро ба воя расонд.

Фаъолияти варзишӣ

вироиш
 
Бувайсар Сайтиев бо тоҷикони шаҳри Красноярски Федератсияи Русия. Остров отдыха, назди Кохи варзиш. Майи 2014

Соли 1989 устоди варзиши ИҶШС шуд. Соли 1990 барои таҳсил ба интернати варзишии Новокузнеск рафт. Соли 1991 дар мусобиқаи байни ҷавонони ИҶШС қаҳрамон гардид.

Баъди хатми мактаби миёна аз Хасавюрт ба Красноярск рафт, ки бузургтарин маркази варзишӣ дар намуди куштии тарзи озод ба ҳисоб мерафт. Соли 1993 дар мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба куштии тарзи озод ба номи Д. Г. Миндиашвили тамринро шурӯъ кард. Устодонаш Д. Г. Миндиашвили, Г. Л. Бахтуридзе ва С. Г. Хачикян буданд. Дар соли 1995 аввалин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҷои авалро гирифт, ки баъдан ин унвонро панҷ маротибаи дигар сазовор шуд (солҳои 1997, 1998, 2001, 2003 ва 2004). Барандаи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо (1996,1997, 1998, 2000, 2001, 2006).

Соли 1996 дар вазни то 74 кг дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Атланта барандаи медали тило шуд. Дар Атланта Бувайсар ҷавонтарин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар намуди куштии тарзи озод шинохта шуд. Аз соли 1995 то 2000 дар ягон рақобатҳои варзишӣ набохтааст.

Соли 2000 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сидней аз сабаби лат хурдан дар рақобати дуввум шикаст хурд. Соли 2004 қаҳрамони Бозиҳои олимпии Афина ва соли 2008 бори сеюм қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Пекин гашт.

Панҷ маротиба Созмони умумиҷаҳонии куштӣ ӯро беҳтарин варзишгари куштии тарзи озод эълон кард (1996, 1997, 1998, 2003, 2005). Супурдани мукофоти давлатӣ ба қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин- 2008. Устоди хидматнишондодаи варзиши Русия Бувайсар Сайтиев ба ордени "Барои хидмат ба Ватан" дараҷаи IV мукофотонида шуд. Ҷаласа дар Кремл.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Махаҷқалъа, риштаи ҳуқуқ ва бизнес. Дар айни ҳол президенти Федератсияи куштии Ҷумҳурии Чеченистон мебошад[4].

Подполковники Қувваҳои мусаллаҳи Русия.

26 майи соли 2009 Бувайсар Сайтиев фаъолияти варзишиашро расман қатъ кард[5].

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Вакили думаи давлатӣ, узви кумитаи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон[6].

Бародари калони қаҳрамони олимпӣ Одам Сайтиев мебошад. Оиладор, соҳиби се писар ва як духтар[7].

Ҷоиза ва рутба

вироиш
  • Орден «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи IV (2 августи соли 2009)[8];
  • Ордени Шараф (18 феврали соли 2006 ) — барои саҳми бузург дар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва комёбиҳои баланди варзишӣ[9];
  • Ордени Дӯстӣ (6 января 1997 года) — барои хидмат ба давлат ва комёбии бузурги варзишӣ дар 26-ум Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1996- Атланта[10];
  • Орден ба номи Аҳмад Қодиров (Чечнистон, соли 2009)[11];
  • Орден «Ал-Фахр» дараҷаи II (Шӯрои уламои Русия, соли 2008 );
  • Нишони фахрӣ «Баро хидмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»;
  • Барандаи ҷоизаи миллии варзишии "Шараф";
  • Соли 2007 ба ҷоизаи расмии СУК (Созмони умумиҷаҳонии куштӣ) «Яктаки тилоӣ» ҳамчун «Беҳтарин куштигир дар таърихи куштии тарзи озод»[12];
  • 12 майи соли 2010 ба "Шаҳрванди ифтихории Красноярск" мушарраф гашт;
  • Ба ифтихори Бувайсар Сайтиев ҳамасола дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳри Красноярски Русия мусобиқа гузаронида мешавад[13];
  • Дар шаҳри Эйпени Шоҳигарии Белгия соли 2015 мактаби варзишии "Сайтиев" кушода шуд[14].
  1. Бувайсар Сайтиев станет депутатом Госдумы от Дагестана. 29 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2016.
  2. Рамзан vs Сагид. Почему Абдулатипов провел в Думу Бувайсара, но сломал карьеру Сажида?. 29 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июли 2018.
  3. Бувайсар Сайтиев прошёл в Госдуму от Дагестана. 29 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 сентябри 2016.
  4. Сайтиев Бувайсар Хамидович. Федерация спортивной борьбы Чеченской Республики. 15 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 сентябри 2016.
  5. Григоренко, А. Лучший борец мира меняет спорт на веселую и интересную жизнь. Российская газета (27 мая 2009). 2 ноябри 2011 санҷида шуд.
  6. Сайтиев Бувайсар Хамидович. duma-er.ru. 21 августи 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 августи 2017.
  7. Бувайсар Сайтиев: «На тренировках порву любого!»
  8. Указ Президента Российской Федерации от 2 августа 2009 года № 885 «О награждении государственными наградами Российской Федерации»
  9. Указ Президента Российской Федерации от 18 февраля 2006 года № 126 «О награждении государственными наградами Российской Федерации» Бойгонӣ шудааст 8 май 2013  сол.
  10. Указ Президента Российской Федерации от 6 января 1997 года № 1 «О награждении государственными наградами Российской Федерации спортсменов, тренеров, работников физической культуры и спорта по итогам XXVI летних Олимпийских игр 1996 года»
  11. В Совете муфтиев России чествовали олимпийских чемпионов. 29 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Январ 2010.
  12. Бувайсар Сайтиев — трехкратный олимпийский чемпион. znamus.ru. 21 августи 2017 санҷида шуд.
  13. Международный турнир по вольной борьбе среди юношей и юниоров на призы 3-кратного олимпийского Бувайсара Сайтиева
  14. Интервью президента БК «Сайтиев» радио BRF