Сайф ибни Муҳаммад ибни Яъқуби Ҳиравӣ (форсӣ: سیف بن محمد بن یعقوب هروی‎; 1282, Ҳирот) — муншӣ, нависанда, шоир ва таърихнигори форс-тоҷик.

Сайфии Ҳиравӣ
Зодгоҳ
Кишвар

Зиндагинома вироиш

Дар шеър «Сайфӣ» тахаллус мекард. 80 қасида, 150 қитъа дар васфи ҳокимони Курт (Карт) эҷод намудаасг. Яке аз асарҳои машҳури Сайфии Ҳиравӣ «Таърихи мулуки Курт» маъруф ба «Таърихномаи Ҳирот» аст, ки байни солҳои 1307—1321 таълиф шудааст.

Ин асар воқеаҳои таърихии як аср (1220—1321)-ро дар бар гирифта, барои омухтани ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии вилояти Ҳирот ва ҳукмронии мулуки Курт, инчунин барои омӯхтани ҳаёту эҷодиёти шоирону нависандагони гузашта ва ҳамзамони муаллиф сарчашмаи муътамаде мебошад.

Сайфии Ҳиравӣ дар таълифи асар аз «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ, чандин асарҳои таърихӣ доир ба Ҳирот ва нақлу ривоятҳои халқӣ, ҳикоятҳои кӯҳансолон истифода кардааст. Матни «Таърихномаи Ҳирот» соли 1944 бо муқаддимаи профессор Муҳаммад Зубайри Сиддиқӣ дар Калкатта ба табъ расидааст. Асари дигари Сайфии Ҳиравӣ маснавиест бо унвони «Сомнома» (20 ҳазор байт), ки дар он аз корнамоиҳои яке аз сарлашкарони Курт Ҷамолуддии Муҳаммади Сом сухан меравад. Аз ин асар порчаҳои пароканда дар «Таърихномаи Ҳирот» омадаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сайфии Ҳиравӣ / С. Имронов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).