Сайфуддин Маҳмуд Раҷоии Исфаҳонӣ

Сайфуддин Маҳмуд Раҷоии Исфаҳонӣ (форсӣ: سیف الدین محمود رجایی اصفهانی[1]; ? — 1555) — шоир, нависанда, котиб, муншӣ ва донишманди форс-тоҷик.

Сайфуддин Маҳмуд Раҷоии Исфаҳонӣ

Зиндагинома вироиш

Раҷоӣ илмҳои маъмули замонашро ба хуби азхуд карда буд. Дар тазкираҳо шавқу ҳаваси беандозааш ба ҳисобу ҳандаса (математика) қайд гардидааст. Раҷоӣ дар дарбори ҳукмрони давраш котиби расмӣ буда, муомилоти девонӣ ва дафтардориро ба хубӣ анҷом медод.

Раҷоӣ аз авлодоии Камолуддини Исмоили Исфаҳонӣ буда, яке аз шоирони маъруфи замонаш ба шумор мерафт. Соммирзои Сафавӣ дар бораи Раҷоӣ чунин менависад: «… чуй тақрироташ дар ваҷҳи маъқулӣ ва адои калимоташ дар ниҳояти ширинӣ ва мақбулӣ, ман ӯро хушлаҳҷа гуфтаам». Дар навъҳои гуногуни шеър (қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра) асарҳо офаридааст. Дар ҳаҷву мутойиба маҳорати калон доштааст. Аз миқдори ашъор ва ё девони Раҷоӣ тазкиранависон ҳеҷ гуна иттилое надодаанд. Рубоии зерин аз эҷодиёти Раҷоӣ аст, ки дар «Тӯҳфаи Сомӣ» оварда шудааст:

Он гул, ки дили аҳли вафоро хун кард,
Хун кард чунон ки кас надонад чун кард.
Сарпапҷа ба хуни ошиқон гулгун кард,
Чун шохи гуле, ки ғунчаҳо берун кард.

Эзоҳ вироиш

  1. سیف الدین محمود رجایی اصفهانی. rasekhoon.net. 6 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш