Сайфулло Муллоҷонов

Сайфулло Муллоҷонов — доктори илмҳои таърих, профессор

Сайфулло Муллоҷонов
Сайфулло Кучакович Муллоҷонов (Сайфуллоҳ Муллоҷон)
Таърихи таваллуд 3 сентябр 1972(1972-09-03) (52 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Сайфулло Муллоҷонов дар хонаводаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 1979 ба мактаби миёнаи № 10-и ҳамин хоҷагӣ рафта, соли 1989 онро бо баҳои аъло ба поён расонид. Солҳои 1989-1990 ба ҳайси колхозчӣ дар хоҷагии мазкур кор кардааст. Соли 1990 ба шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил гардида, соли 1995 онро аз рӯи ихтисоси муаррих-муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Солҳои 1995-2000 дар Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мутахассиси пешбар дар шуъбаи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ифои вазифа намуда, ҳамзамон солҳои 1997-1999 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2000-ум рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ ҳамчун сарчашма оид ба омӯзиши сохтори сиёсии давлати Ғазнавиён дифоъ кард. Аз 1 октябри соли 1999 ба ҳайси омӯзгор фаъолияти омӯзгориро шурӯъ карда, дар кафедраҳои Таърихи халқи тоҷик (солҳои 1999-2001) ва Таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна (аз соли 2001 то имрӯз) ба ҳайси омӯзгор, дотсент ва профессор фаъолият кардааст. Солҳои 2001-2003 дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муовини декан оид ба шуъбаҳои ғоибона ва рӯзона кор кардаст. Аз 1 апрели соли 2003 то 30 апрели соли 2009 дар вазифаи мудири кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёна фаъолият намуд. Аз 1 марти соли 2010 то 1 марти соли 2013 дар докторантура буд. Аз 14 апрели соли 2013 дотсенти кафедраи Таърихи дунёи қадими факултаи Таърихи ДМТ, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ, сипас профессори ҳамин кафедра. Аз фаннҳои Таърихи дунёи қадим, таърихи асрҳои миёна, ҷуғрофияи таърихии Осиёи Марказӣ, Таърихи дин, Таърихи Эрон, Таърихи кишварҳои араб, Курси махсус дарс гуфтааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 2016 дар мавзӯъи «Нақши омили динӣ дар таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои IX-XI» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Ба таҳқиқи таърихи асримиёнагии халқи тоҷик ва халқҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва Эрон машғул буда, дар ин замина зиёда аз 180 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ба табъ расонидааст. Дар конференсия, семинар ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Челябинск, Алмаато, Остона, Ашхобод, Теҳрон, Бишкек, Нукус ширкат ва суханронӣ кардааст.

  • Таърихи халқи тоҷик (бо ҳаммуаллифии Н. Ҳотамов, Д. Довудӣ, М. Исоматов). Китоби дарсӣ барои ихтисосҳои ғайри таърихи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2011. 644 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик (бо ҳаммуаллифии А. Муллоҷонов). Душанбе, 2012. 432 с.;
  • Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон (гурӯҳи муаллифон). Душанбе, 2013. 536 с;
  • Таърихи халқи тоҷик. ҷилди 3.(гурӯҳи муаллифон). Душанбе, 2013. 580 с.;
  • Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ (муруре пиромуни сохтори идорию русумоти дарбори Ғазнавиён). Душанбе, 2013. 240 с.;
  • Маориф гарави пешрафти ҷомеа (дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷурабоев Ҷ., Кӯчаров А. ва Сайфуллоев А.). Душанбе, 2014. 324 с.;
  • Таърихи халқи тоҷик (бо ҳаммуаллифии Н. Ҳотамов, Д. Довудӣ, М. Исоматов) Китоби дарсӣ барои ихтисосҳои ғайри таърихи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2015 (нашри дуввум бо иловаҳо ва такмилҳо). 643 с.;
  • Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи Ҷаҳонгардон(бо ҳаммуаллифӣ бо Б. Тоҳирниё). Машҳад, 1394 (2015). 198 с.;
  • Религиозный фактор в социально-политической истории Хорасана и Мавераннахра (IX – XI вв.). Душанбе, 2015. -320 с; Таърихи халқи тоҷик (барои хонандагони синфи 7). (дар ҳаммуаллифӣ бо С. Хоҷаев). Душанбе, 2016. 246 с.
  • Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо С. Муллоҷон. Душанбе, 2014. 774 с.
  • Таърихи Табарӣ. ҷилди 15. Душанбе, 2014. 320 с.
Осори зеринро ба нашр омода кардааст
  • Зигред Ҳунка. Фарҳанги ислом дар Аврупо. Душанбе, 2012. 670 с.;
  • Аз фанҳои «Таърихи Эрон». Душанбе, 2004, «Таърихи Осиё ва Африко дар асрҳои миёна». Душанбе, 2008. «Таърихи дунёи қадим». Душанбе, 2008. барномаи таълимӣ таҳия ва нашр кардааст.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе,2008. - 146 с;