Сайфӣ, Амир Ёдгорбек

Сайфӣ, Амир Ёдгорбек (форсӣ: یادگاربیک[1]; ? — 1465, Ҳирот) — шоири порсигӯ аз авлоди амирзодагони темурӣ.

Сайфӣ, Амир Ёдгорбек

Зиндагинома вироиш

Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ дар шеъру шоирӣ мебошанд. Сайфӣ сарояндаи ишқ, вассофи ҳусну тароват ва зебоиҳои маъшуқа аст. Шеърҳояш бо забони содда ва бо санъати баланд гуфта шудаанд. Байти зерин аз ӯст:

Омадӣ, эй шамъ, маҷлисро чу гулшан сохтӣ,
Пой бар чашмам ниҳоди, хона равшан сохтӣ.

Эзоҳ вироиш

  1. معنی یادگاربیک - لغت‌نامه دهخدا(форсӣ). پرسش و پاسخ تخصصی لام تا کام. 16 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш