Сайёра Баҳодурова
Сайёра Баҳодурова - шоираи муосири тоҷик
Таърихи таваллуд | 17 сентябр 1973 |
---|---|
Зодгоҳ | Шаҳри Истаравшан |
Зиндагинома
вироишСаиёра Баҳодурова дар шаҳри Истаравшан, дар оилан омӯзгор ба дунё омадааст. Сайёра Баҳодурова дабистони №10-и ба номи Ҷ. Ҷаббориро соли 1992 бомуваффақият хатм намудааст. Сайёра соҳиби маълумоти олӣ буда, хатмкардаи факултаи суханшиносии ДДХ, ба номи Бобоҷон Ғафуров аст.
Эҷодиёт
вироишАз соли 1991 инҷониб сил-силаи шеърҳои ӯ дар маҷаллаи ҷумҳуриявии «Чашма», газетаи «Анбоз» чоп мешавад. Ашъори Сайёра давра ба давра аз соли 1991 сар карда дар маҷалла ва рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятии «Садои мардум», «Омӯзгор», «Ҷумҳурият», «Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Нилуфар», «Тирози ҷаҳон», «Паёми Истаравшан», «Заҳматкаш», «Корвони умед» чоп гардидааст. Сайёра Баҳодурова соҳибн маҷмӯаҳои «Шукуфаҳо», «Рози дил», «Дурахши ахтарон», «Оинаи меҳр»,«Қудрати ишқ» ,“Султони калбам” ,«Умеди висол» мебошад. Ба ғайр аз он як чанд шеърҳояш дар китобҳои дастаҷамъии «Дастагул», «Ҳусни зиндагӣ» ҷой дода шудаанд. Сайёра борҳо дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд шабҳои эҷодиашро гузаронидааст.
Шеъри «Хати сиёҳ»-и ӯ, ки соли 2000 бахшида ба 55-солагии Иди Ғалаба давишта шуда буд, ғолиби озмуни вилояти гаштааст.
- Магӯ хайр
- Агар хоҳӣ набинам ранҷу озор,
- Магӯ, ки меравам зинҳор, зинҳор.
- Ба қалбам ҷо шавад доғи ҷудоӣ,
- Ки гӯё мезанад бар дидаам хор.
- Нигоҳи пурсукут сӯи ту дорам,
- Бароям хайр гуфтан, оҳ чӣ душвор
- Ба ҳар ҷое, ки рафтӣ ҷони ширин
- Маро бар холи худ бигзор, бигзор.
- Падар
- Раҳнамои шоҳроҳи зиндагиам, эй падар
- Эй чароғи рӯзғорам, хастӣ ту нури ба сар
- Ҳамчу хуршеди саҳар ҳастию бошӣ шӯълавар
- Ғамбарору қиблагоҳи ҷони моӣ, эй падар
- Баҳри имрӯзу ба фардоям ту ҳастӣ болу пар
- Ин гу ҳастӣ баҳри мо доим азизу муътабар
- Медавӣ ту аз паси фарзанди худ шому саҳар,
- То намоӣ аз ҳама ҳастии олам бохабар.
- Шаҳсутуни рӯзгори мо ту ҳастӣ, эй падар!
- Ҳар гаҳе Сайёра медӯзад ба дидорат назар,
- Мешавад нури Муҳаммад пеши чашмаш ҷилвагар!
- Модар
- Ай модар чароғи хонадонӣ,
- Аё модар ҳабибу меҳрубонӣ.
- Баҳори бехазони зиндагонӣ,
- Азизу ғамгусорӣ, ҳам чу ҷоиӣ.
- Ту шамси шӯълапоши хона ҳастӣ,
- Ту болои сарам нарвона ҳастӣ.
- Набинӣ дарду ғам дар рӯи олам,
- Моро ҷону ҳаме ҷонона ҳастӣ.
- Ту бошӣ нури чашмам, ифтихорам
- Агар гу додаӣ шири сафедам,
- Бароят ҷони худро месупорам.
- Таманно
- Эй кош нахустин қадами хеш,
- Бар сӯи ту ман ҳамегузорам
- Гӯям, ки расида ман ба мақсад,
- Дар дил ғаму ҳасрате надорам.
- Ҳар чиз, ки ту хоҳӣ аз бароят
- Ман бо ҳавасе ба ҷо биёрам
- Баҳри ту сухан зи ишқ гӯям,
- Ба рӯи кафат диле гузорам.
Эзоҳ
вироишБаёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.