Сайёра Садикова
муаррих, номзади илмҳои таърих, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Сайёра Абдурақибовна Садикова (тав. 19.11.1982) – муаррих, номзади илмҳои таърих, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Сайёра Абдурақибовна Садикова | |
Таърихи таваллуд | 19 ноябр 1982 (42 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих, |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Донишгоҳи технологии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСайёра Садикова соли 2005 факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм намудааст.
- Аз соли 2004 то соли 2005 – Оператор маркировщики сехи буриш дар ЧСП Гулистон ва соли 2006 ҳамчун тарроҳ – конструктор кор кардааст.
- Аз соли 2006 то соли 2008 – Ассистенти кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва тарҳрезӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва аз соли 2008 то соли 2014 муаллими калони кафедраи нобурда.
- Соли 2009 – муовини декан оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии факултети стандартизатсия, технология ва дизайни Донишгоҳи технологии тоҷикистон.
- Аз соли 2014 то ҳол муаллими калони кафедраи Дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
- Аз 3 апрели соли 2023 – ходими илмии Шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ӯ 22 сентябри соли 2022 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва такмили ҳунари кешбофии тоҷикон (ҳазорсолаи IV то м. – нимаи аввали асри XX)» дифоъ кардааст. Муаллифи 11 мақолаи илмӣ доир ба мавзӯъ мебошад.[1]