Сайёра Сафарӣ

ҳунарпешаи театру синамо

Сайёра Сафарӣ (Сафарова Саёра Саидовна; зод. 21 март 1991, Душанбе) — ҳунарпешаи тоҷики[1] театру синамои Русия.

Сайёра Сафарӣ
Таърихи таваллуд: 21 март 1991(1991-03-21) (33 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: бозигари синамо, ҳунарпешаи театр
IMDb: ID 6857178

Зиндагинома

вироиш

Сайёра Сафарӣ 21 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар хонадони шоир ва нависанда Саид Сангин ба дунё омадааст[2]. Баъди хатми мактаби миёнаи зодшгоҳаш[3] дар соли 2008 барои таҳсил ба Маскав рафт. Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини Маскавро дар соли 2011 хатм кардааст.

Синамо

вироиш

Дар ҳангоми донишҷӯӣ дар филми «Десантура» (Русия) нақш бозид ва роҳаш ба саҳнаҳои бузург боз шуд. Дар силсилафилми телевизионии «Гулчатай» (Русия, 2012) нақши марказиро бозида, ҳаводори зиёд пайдо кард. Идомаи ҳамин силсилафилм «Гулчитай. Аз баҳри ишқ» (Русия, 2013) теъдоди мухлисонашро боз афзуд. Дар филмҳои «Салом Маскав» ва «Дар интизори баҳр» (ҳар ду истеҳсоли Русия) низ маҳорат нишон додааст. Дар як чанд спектакли театрӣ — «Сирки мо», «Чайка», «Орфей ба ҷаҳаннам мефарояд» ва ғайра образҳои хотирмон иҷро кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Сафарӣ Сайёра // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик — Д., 2021. — С. 388. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5