Салвадо́р Гилермо Але́нде Го́ссенс (исп. Salvador Guillermo Allende Gossens, 26 июни 1908, Валпараисо[8][9][10], Чили — 11 сентябри 1973, Қасри президентӣ, Сантяго, Чили) — арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Чилӣ, президенти Чилӣ (1970—1973), дорандаи Мукофоти байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо» (1972).

Салвадор Аленде Госсенс
исп. Salvador Guillermo Allende Gossens
3 ноябри 1970 — 11 сентябри 1973
Пешгузашта Эдуардо Фрей Монталва
Ҷонишин Аугусто Пиночет (де-факто - аз 11 сентябри соли 1973, де-юре - аз соли 1974)
27 декабри 1966 — 4 июни 1969
Пешгузашта Томас Рейес Викуня
Ҷонишин Томас Пабло Элорса
28 августи 1938 — 2 апрели 1942
Пешгузашта Мигел Этчебарне Риол
Ҷонишин Эдуардо Эскудеро Форрастал
Таваллуд 26 июн 1908(1908-06-26)[1][2][3][…]
Даргузашт 11 сентябр 1973(1973-09-11)[5][6][2][…] (65 сол)
Мадфан
Дудмон Allende family[d]
Падар Salvador Allende Castro[d]
Модар Laura Gossens Uribe[d]
Ҳамсар Hortensia Bussi[d]
Фарзандон María Isabel Allende[d] ва Beatriz Allende[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Касб Духтур
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ордени «Хосе Мартӣ» Order of the Companions of O. R. Tambo Grand Cross of the Order of Merit Order of Augusto César Sandino
Lenin Peace Prize
Grand Cross of the Order Bernardo O'Higgins
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Оилаи Аленде, ба як асилзодаи чилӣ таълуқ дошт, ки машҳур буд аз нигоҳи озодона. Соли 1932 факултети тиббии Университети Чилиро хатм кардааст.

Солҳои фаъолият

вироиш

Дар таъсиси Ҳизби сотсиалисӣ саҳм гузошт; баъдан яке аз роҳбарони он; вакили конгресси миллӣ ва вазири нигаҳдории тандурустӣ (1937—1941) буд. Ҳамчун вазир бори нахуст дар таърихи Чили барои коргарон фонди суғурта ташкил намуд. Солҳои 1945—1970 аъзои сенат ва раиси он (1966—1969). Баъди коалитсияи Ҳизби сотсиалистӣ бо ҳукумат ва қатъи Ҳизби коммунистӣ (1948) Аленде Ҳизби халқӣ — сотсиалистӣ таъсис намуд. Солҳои 1952, 1958 ва 1964 аз тарафи фронти «Ҳаракати халқӣ» ба вазифаи президентӣ пешниҳод шудааст. Солҳои (1970—1973) Аленде президент интихоб гашт. Соли 1972 бо даъвати расмӣ ба СССР омадааст. Муаллифи чанд асар, аз ҷумла китоби «Масъалаҳои тиббию иҷтимоии Чилӣ» (1940). Дар табаддулоти хунтаи давлатӣ, ки 11 сентябри 1973 шуда буд, қатл гардид.

  1. filmportal.de (нем.) — 2005.
  2. 2.0 2.1 Discogs (ингл.) — 2000.
  3. GeneaStar (фр.)
  4. Свидетельство о рождении
  5. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  6. filmportal.de (ингл.) — 2005.
  7. Deutsche Nationalbibliothek Record #118502085 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  8. Hermes H. Benítez & Juan Gonzalo Rocha. Los verdaderos nombres de Allende(исп.). 16 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  9. La senadora Allende se equivoca sobre el nacimiento de su padre(исп.). El Mostrador. 16 ноябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 марти 2014.
  10. Profile: Salvador Allende, BBC News

Сарчашма

вироиш