Салла (шираворӣ)
Салла(шираворӣ) - навъи маъмултарини хӯрдании хамирист, ки хелҳои гуногуни онро дар тӯю маърака ва идҳо мепазанд. Ба орд, шир ё об, тухм, шакар ва намак андохта, хамир мекунанд. Баъд аз он зуволаҳо гирифта, тунук мекунанд (ғафсиаш 1,5-2 мм) ва бо саллабурак тасмаю ромбшакл, инчунин дар шакли гулҳои бобуна, садбарг ва ғайра мебуранд. Онро дар равғани бисёре то хурморанг шуданаш бирён мекунанд. Ба рӯи саллаҳои тайёр қанди кӯфта мепошанд. Ба 5 истакон орди гандум 2 дона тухм, 2 қошуқ шакар, 3 истакон шир, ним қошуқча намак, 1 қошуқ қанди кӯфта ва барои бирён кардани салла 2 коса равғани наботот лозим аст.[1]
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қаннодӣ. 18 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июни 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |