Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ - дар асоси талаботи Конститутсия (қ.5 м.53) ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» (моддаи 7 Қонун), Маҷлиси миллӣ Шӯрои Маҷлиси миллиро ташкил медиҳад, ки ба ӯ ҳисоботдиҳанда буда, фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси миллӣ ба роҳ мемонад. Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар қонун ба тарзи зерин ифода шудааст:

1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

2) таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;

3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;

4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон;

5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;

6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;

7) таҳлили таклифу эродҳои аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯйи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор;

8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;

9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;

10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба кори Маҷлиси миллӣ, ки дар қонун пешбинӣ шудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш

Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 407 - 408