ал-Малик ал-Носир Салоҳ ад-дунё ва-д-дин Абулмузаффар Юсуф ибни Айюб (ар. الملك الناصر أبو المظفر يوسف بن أيوب‎ , дар анъанаҳои русӣ ва ғарбӣ Саладин (ар. صلاح الدين1138, Тикрит — 4 марти 1193 , Димишқ[7]) — Султони Миср ва Сурия ва ғайра, сарлашкар, пешвои мусалмонони садаи XII.

Салоҳуддин Айюбӣ
ар. صلاح الدين الأيوبي
1169 — 1174
Пешгузашта Shirkuh[d]
1169 — 1193
Ҷонишин Al-Aziz Uthman[d]
1174 — 1193
Ҷонишин Al-Afdal ibn Salah ad-Din[d]
1183 — 1193
Ҷонишин Az-Zahir Ghazi[d]
1188 — 1188
Ҷонишин Al-Adil I[d]
1185 — 1193
Таваллуд 1138[1]
Даргузашт 4 март 1193[4]
Мадфан
Дудмон Айюбиён
Ном ҳангоми таваллуд ар. يُوسُف بن نجم الدين أيُّوب
Падар Najm ad-Din Ayyub[d]
Модар Sitt al-Mulk Khatun[d]
Ҳамсар Ismat ad-Din Khatun[d]
Фарзандон Al-Afdal ibn Salah ad-Din[d], Al-Aziz Uthman[d] ва Az-Zahir Ghazi[d]
Эътиқод ислом[6]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз рӯи мансубияти қавмияш курд аст[7][8]. Асосгузори сулолаи Айюбиҳо, ки дар Миср, Сурия, Ироқ, Ҳиҷоз ва Яман ҳукмронӣ мекард.

Дар Аврупо онро бо номи Саладин мешиносанд, гарчанде ки ин на ном, балки лақаби ӯст, ки маънои хайр ва некии дин аст[9]. Номи дурусти ӯ Юсуф ибни Айюб (Юсуф писари Аюб) аст.

Манбаъҳо

вироиш

Бисёр сарчашмаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти Салоҳиддин аз ҷониби муосирони ӯ навишта шудаанд. Машҳуртарин нависандагони ҳаёту зиндагии Салоҳиддин устод ва мушовири ӯ — Баҳоуддин бини Рафеъ, таърихнигор Ибни Асир ва котиби шухди Салоҳиддин — ал-Қозӣ ал-Фозилӣ мебошанд.

Кӯдакӣ ва навҷавонӣ

вироиш

Салоҳиддин соли 1137 дар Тикрити Байнаннаҳрайн таваллуд шудааст.[10][11] Бобояш Салоҳиддин Шодӣ дар деҳае дар наздикии Двина (Товина) дар Арманистон зиндагӣ мекард[12], ки мувофиқи маълумоти ривоятҳо Аюбт — падари Салоҳиддин низ дар ҳамин ҷо таваллуд шудааст. Тавре ки «Донишномаи Ислом» қайд мекунад: «Салоҳиддин ё Саладин, ки онро одатан дар Аврупо чунин меноманд, курд буд, оилааш аз шаҳри Двини Арманистон омадааст»[8]. Пас аз таваллуди ду писар Айюб кӯҳҳои Арманистонро тарк карда, аввал ба Бағдод ва сипас ба Тикрит кӯчид ва дар он ҷо то охири ҳаёташ зиндагӣ кард.

Машҳуртарин воқеоти зиндагии Салоҳиддин муборизаҳои ӯ бо ишғолгарон буд. Ин ҷангҳо дар асарҳои сершумори адабиёт ва санъат инъикос ёфтаанд, ки маъруфтаринашон романи «Тилисм»-и Волтер Скотт мебошад.

Фатҳҳои аввалин

вироиш

Дар он рӯзгор хилофати Аббосиён ба якчанд давлат тақсим карда шуд. Фотимиҳо Мисрро бидуни эътирофи халифаи Бағдод идора мекарданд. Салибиён соҳилҳои шарқии Баҳри Миёназаминро аз Осиёи Хурд то нимҷазираи Сино забт карданд. Нуруддини Зангӣ Сурия ва Байнаннаҳрайнро назорат мекард.

Бо исрори оила Салоҳиддиин фаъолияти сипоҳии худро таҳти сарпарастии амакаш Асадуддин Ширкӯҳ, пешвои муҳимми низомии Нуруддин оғоз намуд. Ширкӯҳ дар он вақт амири Димишқ ва Ҳалаб, як узви сулолаи туркии Зангиҳо, устоди бонуфузи Салоҳиддин шуд

Сиёсати хориҷӣ

вироиш

Мубориза бар зидди салибиён

вироиш
 
Фирман аз ҷониби Салоҳиддин пас аз муҳосираи шаҳр дар соли 1187 ба арманиҳои Ерусалим дода шудааст
 
Виктор Саладин, Густав Доре, садаи XIX.

Салоҳиддин ҳангоми омодагӣ бароизабти Бағдод, бо мақсади барқарор кардани хилофати собиқи араб вафот кард. Фармондеҳ 4 марти соли 1193 дар Димишқ вафот кард. Вай дар он ҷо дафн карда шуд ва ҳамчун ҳимояи имон дар тамоми Шарқ мотам гирифт.

  1. Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  2. http://www.theguardian.com/world/2003/mar/20/iraq.rorymccarthy
  3. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/595715/Tikrit
  4. Walker P. E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  5. Deutsche Nationalbibliothek Record #118604988 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  6. The Fatimid Vizierate (979-1172) (ингл.)Berlin: 1990. — P. 170. — ISBN 3-922968-82-1
  7. 7.0 7.1 Saladin // Энциклопедия Британника
  8. 8.0 8.1 Encyclopaedia of Islam. — E. J. BRILL, 1995. — Vol. VIII. — P. 910.
  9. H. A. R. Gibb, «The Rise of Saladin», in A History of the Crusades, vol. 1: The First Hundred Years, ed. Kenneth M. Setton (University of Wisconsin Press, 1969). p. 563.
  10. В. Ф. Минорский, The Prehistory of Saladin, Studies in Caucasian History, Изд. Кембриджского университета, 1957, стр. 124—132.
  11. Bahā' al-Dīn «Жизнь Саладина» (2002), стр. 17.
  12. Farhad Daftary. Historical Dictionary of the Ismailis. — Scarecrow Press, 2011. — P. 149.