«Самаки Айёр» (форсӣ: سمک عیار‎) — як намунаи осори насри омиёнаи форс-тоҷик аст, ки тавассути қиссахонон аз ривоятҳои пароканда ба миён омадааст. Дар матн ровии асар Садақа ибни Абулқосими Шерозӣ номида шудааст. Аз 20 июни соли 1189 оғоз карда, Фаромурз ибни Худодод ибни Абдуллоҳи Арҷонӣ ба китобати он пардохтааст.

Самаки айёр
Жанр нақли мардумӣ[d]

Мундариҷа

вироиш

«Самаки айёр» қиссаи пурмоҷарост. Хонанда аз мутолиаи он ба шӯру ҳаяҷон меояд, саргузашти қаҳрамонон, ба чӣ анҷом ёфтани ҳодисаҳову воқеаҳо басо ҷолиб мебошанд. «Самаки айёр» қиссаи размию базмист, вале дар он аз забони қаҳрамонон панду андарзҳое омадаанд, ки барои тарбияи ахлоқии хонандгон ҳмияти калон доранд. Дар саҳифаҳои аввали китоб аз ҳурмати падару модар ва пирон сухан меравад. Баъзан ростӣ тавсиф мешавад («Бидон ва огоҳ бош, ки дар ҷаҳон ҳеч беҳ аз ростӣ нест…»), дурӯғ гуфтан хислати ҷавонмардон нест («…ҷавонмардон дурӯғ нагӯянд, агар сари эшон ба кор биравад») ва ғайраҳо. Бад-ин минвол пораҳоеро дар ин китоб дар хусуси пойдори ба савганд ва аҳду вафо, нигаҳдории амонат, мардӣ ва мардонагӣ, ситоиши хираду дониш ва дурӣ аз худситоӣ, васфи занон ва ҳурмати онҳоро ба ҷой овардан, дар хонадорӣ — оиладорӣ босубот будан ва ғайра дарёфт кардан мумкин аст.

Шахсиятҳо

вироиш

«Самаки айёр» аз дил бастани шоҳзодаи Ҳалаб Хуршедшоҳ ба Маҳпарии духтари фағфури Чин, ба Чин расидану бо ӯ пайвастанн Самаки айёру Шағоли Пилзӯр оғоз ёфта, рафта- рафта даҳҳо персонажҳои фаъол ва моҷароҳои тӯлонию шӯрангезро фаро мегирад.

Дар партави ин моҷароҳо масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимои ва фалсафиву рӯзгории замони пайдоиши достон мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Қаҳрамонони асосии асар Самаки айёр, Шағоли Пулзӯр, Рузафзун, Хуршедшоҳ, Фаррухрӯз ва дигар паҳлавонону ҷавонмардон, занон, шоҳону вазиронанд. Асли мақсади гӯяндаи достон, ғояи иҷтимоӣ ва аҳамияти бадеиву эстетикии «Самаки айёр», ки ҳимояи инсофу адолат ва дӯстию рафоқати байни одамон аст, ба воситаи образи ҷавонмардону айёрон, шоҳони додгустару вазирони хирадманд ифода шудааст. Тавассути образҳои Марзбоншоҳу Арманшоҳ, фағфури Чин ва шоҳони дигар, вазирон — Ҳомон, Шаҳрон, Меҳрон ва дигарон масъалаҳои давлатдорӣ, аҳлу дод ба андозаи кофӣ ҳалли хешро ёфтаанд. Ҷавонмардону айёрпешагон далеру густох, ростқавлу ботадбир ва дақиқатпарвару адолатхоҳ буда, ба муқобили бадӣ, риёкорӣ, зиштӣ далерона набард мекунанд. Гиреҳбанди сюжети «Самаки айёр» ишқи поки инсонист. Нахуст Хуршедшоҳ бо ёрии Самак дар рози ишқи Маҳпарӣ набард мекунад. Пас аз марги Маҳпарӣ моҷароҳо дар гирди Абондухт ба миён меоянд. Пас писари Хуршедшоҳу Абондухт Фаррухрӯз ба Гулбӯи Гулрух дил мебандад ва баъд ба Чигилмоҳ. Талоши шоҳзодагон дар роҳи ишқ барои айёрон, ки ҳадафи асосӣ аз офаридани достон ситоиши корномаҳои онон аст, майдони фарохи корнамоӣ мекушояд. Дар ниҳоди «Самаки айёр» некӯтарин пиндорҳои мардуми одӣ гузошта шудаанд. Ҳама нектарин орзуҳои инсонии хоси мардуми одӣ дар мафҳуми «ҷавонмардӣ» фароҳам омадаанд. Дар «Самаки айёр» зан мавқеи хос дорад. Онҳо ҳам паҳлавону далер, ҳам вафодору поканд; дар душвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ, дар зери хатари марг, дар торикии зиндонҳо ҳамчунон бовафо мемонанд. «Самаки айёр» асари дорои тасвирҳои мураккаби психологист. Андешаварӣ, диалогу монологҳои ботинӣ хусусияти муҳими қаҳрамонони «Самаки айёр» аст. «Самаки айёр» як романи мукаммал буда, дорои сюжети мураккаб, композитсияи нисбатан мустаҳкам, силсилаи қаҳрамонони мусбату манфӣ, конфликт, ривоҷи воқиаҳо ва тасвири манзараҳои дилфиреби табиат мебошад. Занҷираи сюжети асар то рафт печ хӯрда, диққати хонандаро пайваста ба худ мекашад. «Самаки айёр» бо хусусиятҳои бадеиву забони шево ва тарзи баён арзиши бузург дорад. Он ганҷинаи бузурги забони гуфтугӯии асрҳои 11—12 буда, нафосату зарофати забони гуфтугӯии халқро нигоҳ доштааст.

Дастнависҳо

вироиш

Ягона дастнависи нопурраи «Самаки айёр» дар китобхонаи Бодлеани Оксфорд (Англия) нигоҳ дошта мешавад, ки аз се ҷилд иборат буда, дар ҷилд ду ҷузъ дорад. Солҳои 1960—1965 олими эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ дар асоси ин дастнавис чаҳор ҷилди «Самаки айёр»-ро ба чоп расонд. Дар миёни ҷилдҳои 2 ва 3 «Самаки айёр» ба андозаи як ҷилди дигар нобуд шудааст. Нимаи ин ҷилди мафқуд дар тарҷумаи туркии Ҳабибуллоҳ ном қиссахон боқӣ монда, дастраси муҳаққиқон гардидааст. Ин бозёфтро низ Хонларӣ дар тарҷумаи форсии Ризо Саид Ҳусайнӣ чун ҷилди 3 асар ба чоп расонд. «Самаки айёр» аз рӯи чопи Хонларӣ ба алифбои имрӯзаи тоҷикӣ дар 7 ҷилд интишор ёфт.

Нашри Самаки айёр дар Тоҷикистон

вироиш

Қиссаи шӯрангези «Самаки айёр» пештар дар 7 ҷилд (1967—1985) чоп шуда буд. Дар таҳияи матни чор ҷилди аввал муҳаққиқи насри форс-тоҷик Ю. Салимов, ҷилдҳои 5-7 донишманди варзида К. Чиллаев ва А. Ҷалолов, муҳаррирон Ҷ. Азизқулов, М. Диловаров ва дигарон заҳмат кашидаанд.

Аз оғози соли 2007 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик тасмим гирифт, то осори мансури адабиёти классикии форсу тоҷикро ба забони тоҷикӣ интишор намуда, дастраси хонандагон гардонад. Қиссаи шӯрангези «Самаки айёр» нахустин асарест, ки дар ин силсила иборат аз ду ҷилд ба табъ расид.

Адабиёт

вироиш
  • Самаки айёр: Намунаҳои насри бадеии тоҷик. Иборат аз ду китоб. Душанбе. СИЭМТ. 2007. Китоби I. 884 саҳ.
  • Салимов Ю., «Самаки айёр» аз насри ривоятии форсу тоҷик", дар кит.: «Самаки айёр», ҷ. 1, Д., 1967;
  • Салимов Ю. Насри ривоятии форсу тоҷик Д.. 1971;
  • Чиллаев Қ.. «Падруд бош, Самак», — дар кит.: «Самаки айёр», Н. 7, Д., 1985;

Сарчашма

вироиш