Самандархоҷаи Тирмизӣ
Муҳаммадбақо Хоҷа Самандари Тирмизӣ (форсӣ: سمندر خواجه ترمذی; қарни XVII) — таърихнигор ва адиби форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1638 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1740 |
Навъи фаъолият: | шоир, муаррих |
Зиндагинома
вироишАз ҳаёт ва фаъолияти Самандархоҷаи Тирмизӣ маълумот хеле кам аст. Аз рӯи гуфтаҳои худаш дар «Дастуру-л-мулук» ва мувофиқи ахбори тазкираи Малеҳои Самарқандӣ Самандар тахаллуси ӯ буда, номи аслиаш Муҳаммадбақо, зодгоҳаш Хонақоҳ (ноҳияи Ҳисор) аст. Ҷавонии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар сафарҳо гузаштааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ солҳои 1685, 1693, 1695 дар ғазовоти Абдулазизхону Субҳонқулихон ба муқобили хоразмтҳою саркардагони Балх иштирок кардааст. Баъд аз ин чанд сол дар Қаршӣ (Насаф) зиндагӣ кардааст. Самандархоҷаи Тирмизӣ дар ин ҷо ду маротиба ба вазифаи раисатпаноҳи Қаршӣ таъин шуда буд. Вале аэ тӯҳмати зиёде маҷбур шуд то охири умр гӯшанишин гардад.
Фаъолияти адабии Самандархоҷаи Тирмизӣ дар Қаршӣ оғоз ёфтааст. Тамоми осори адабию таърихии худро дар асари машҳураш «Дастур-ул-мулук» ҷой додааст, ки он ба адибону муаррихони баъдина таъсири зиёд расонидааст. Малеҳои Самарқандӣ дар навиштани тазкирии худ «Музаккиру-л-асҳоб» ва муаллифи «Гулшану-л-мулк» — муаррихи аввали асри 19 Муҳаммидяъқуб ба «Дастуру-л-мулук» такя кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Самандархоҷаи Тирмизӣ / У. Тоиров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).