Самардин Авғонов
Авганов Самардин Саидович (тав. 26 декабри 1973, Кӯлоб) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои педагогика (2010)[1], профессор (2021).
Авганов Самардин Саидович | |
Таърихи таваллуд | 26 декабр 1973 (50 сол) |
Зодгоҳ | Кулоб |
Ҷойҳои кор | ДДОТ ба номи С. Айнӣ,Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1991—1996 дар факултети забонҳои хориҷии ДДОД таҳсил кардааст. Ҳамчунин солҳои 1991—1996 дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи тоҷик ва солҳои 1998—2002 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Донишгоҳҳои номбурдаро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1996—2004 ассистент, 2004—2006 муаллими калон, 2004—2008 мудири кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2008—2009 вазифаи мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Аз соли 2009 то соди 2012 декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Солҳои 2012—2015 - Директори Маркази барномахои байналмилалли назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 2015—2016 ба хайси Сардори раёсати тахсилоти олии касби ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард. Аз соли 2016 то соли 2021 вазифаи Хамохангсози Лоихаи "Рушди тахсилоти оли"-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ухда дошт. Аз соли 2021 инчониб профессори Донишгохи иёлоти Калифорнияи ИМА аст.
Муаллифи 2 монография ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои омода намудани муаллимони забони англисӣ, касбияти омӯзгор, қобилияти муаллимони мактабҳои олӣ ва афкори педагогии мутафаккирони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.
Осор
вироиш- Профессиональная подготовка преподавателей английского языка для общеобразовательных школ, Д., 2009;
- Компютерные технологии как средство обучения иностранным языкам, Д., 2010;
- Педагогические основы проектирование вузовских технологий обучения // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, № 1;
- Профессионализм педагога в контексте задач творческого самоосуществления растущей личности // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, № 3;
- Система работы в рамках авторской педагогической концепции // Вестник Педуниверситета, Д., 2004, № 3;
- Профессионализм деятельности педагогических и руководящих работников // Вестник ТГНУ, Д., 2004, № 4;
- Структура профессиональных способностей преподавателя высшей школы // Вестник ТГНУ, Д., 2004,
- № 4.