Бозиҳои Осиё — мусобиқаҳои варзишие, ки ҳар чор сол байни варзишгарони давлатҳои Осиё аз соли 1951 гузаронида мешаванд. Бозиҳо аз тарафи Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ идора карда мешаванд. Дар ҳар намуди варзиш медалҳо тақсим мешаванд: тилоӣ барои ҷои яккум, нуқрагӣ барои ҷои дуюм ва биринҷӣ барои ҷои сеюм.

Мусобиқа аз тарафи Кумитаи Миллии Олимпии далате, ки бозиҳоро мегузаронад, кушода мешавад. Парчами давлатӣ ва суруди миллӣ ҳангоми мукофонидани варзишгарон ба онҳо ҳамроҳи менамоянд. Барои нишон додани сатҳи рушд, ҷадвалҳо истифода мешаванд, ки он миқдори медалҳое, ки ҳар як давлат соҳиби он гаштааст, нишон медиҳад. Дар мусобиқаҳо танҳо давлатҳои шинохташуда иштирок менамоянд, вале базеъ давлатҳое, ки истиқлол надоранд, низ иштирок мекунанд (барои мисол Тайван, ки ҳамчун Тайбейи Чини иштирок менамояд).

Шонздаҳум бозиҳои тобистона дар Гуанҷоу, Чин аз 12-ум то 27 ноябр гузаронида шуданд.

Хабдахум бозиҳои тобистонаи осиёи дар шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Кореяи Чануби гузашт

Таърих

вироиш

Бозиҳои Шарқи дур

вироиш

Бозиҳои Осиё аз мусобиқаҳои варзишии хурд пайдо гаштаанд. Бозиҳои Шарқи дур барои намоиши ягонагӣ ва ҳамкории се давлат - Аморати Ҷопон, Филиппин ва Ҷумҳурии Чин соли 1913 ташкил гардида буд. Дигар давлатҳои Осиё дертар ҳамроҳ шуданд. Бозиҳо соли 1938, ҳангоми ҳамлаи Ҷопон ба Чин ва дигар давлатҳои минтақаи океани Ором қаът гардиданд.

Пайдошавии Бозиҳои Осиё

вироиш

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон чанде аз давлатҳои Осиё соҳибистиқлол гаштанд. Бархе аз онҳо ибрози ташкил намудани мусабиқаҳои нав, баҳри мустаҳкам намудани ҳамдигарфаҳми, намуданд. Моҳи августи соли 1948 дар рафти чордаҳум Бозиҳои Олимпӣ дар Лондон, Кумитаи Олимпии Ҳиндустон ба роҳбарони дастаҳои варзишгарони Осиё пешниҳод намуд, ки имконияти гузаронидани Бозиҳои Осиёро муҳокима кунанд. Дар натиҷа барои таъсиси "Федератсияи Варзишии Осиё" ҳамаашон розигии худро доданд. Моҳи феврали соли 1949 ба таври расмӣ "Федератсияи Бозиҳои Осиё" ташкил гашт. Бозиҳои аввали Осиё дар Ню-Деҳли баргузор гаштанд.

Дигаргун гаштани Федератсия

вироиш

Соли 1962 масъалаи қабули Тайван ва Исроил дар Федератсия ихтилоф андохт. Индонезия, ки соҳиби гузаронидани бозиҳо буд, зиди қабули ин давлатҳо баромад кард. Соли 1970 Кореяи Ҷанубӣ бозиҳоро, аз сабаби таъдиди Кореяи Шимолӣ, гузаронида натавонист ва бозиҳоро дар Бангкок, пойтахти Тайланд аз ҳисоби молиявии кореягӣ гузарониданд. Соли 1973 мухолифат, бо сабаби аз тарафи ИМА ва бархе аз давлатҳо ба таври расмӣ шинохтани Тайван ва мухолифини миллии араб дар Исроил, шуд. Соли 1977 Покистон аз сабаби ҷанг бо Бангладеш ва Ҳиндустон, бозиҳоро гузаронида натавонист. Бозиҳо боз ба Бангкок гузаронида шуданд.

Пас аз ҳамин ҳодисаҳо Кумитаҳои Миллии Олимпии давлатҳои Осиё ба хулоса омаданд, ки низомномаи Федератсияи Бозиҳои Осиёро тағир диҳанд. Шӯрои Олимпии Осиё барпо гашт. Ҳамин Шӯро аз соли 1986 бозиҳоро назорат мекунад.

Тайван ба федератсия қабул шуд, вале Шӯро онро, мувофиқи меёрҳои Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, "Чин (Тайбей)" меномад. Исроил аз федератсия берун карда шуд ва ба мусобиқаҳои аврупои ҳамроҳ шуд.

Васеъшавӣ

вироиш

Ба бозиҳои 1994, новобаста аз зид будани баъзе давлатҳои Шӯро, ҷумҳуриҳои пештараи шӯравӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон даъват гаштанд.

Соли 2006 ба Австралия барои ба Шӯро аъзошавӣ раъд карданд.

Соли 2010 дар Бозиҳои Осиё бори аввал крикет пешбари гашт.

Рӯйхати Бозиҳои тобистонаи Осиё

вироиш
Сол Бозиҳои тобистона Шаҳр Давлат
1951 I Ню-Дели Ҳиндустон  
1954 II Манила Филиппин  
1958 III Токио Ҷопон  
1962 IV Ҷакарта Индонезия  
1966 V Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1970 VI 1 Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1974 VII Теҳрон Эрон  
1978 VIII ² Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
1982 IX Ню-Деҳли Ҳиндустон  
1986 X Сеул Кореяи Ҷанубӣ  
1990 XI Пекин Чин  
1994 XII Хиросима Ҷопон  
1998 XIII Бангкок Тайланд Шаблон:Парчами Тайланд
2002 XIV Пусан Кореяи Ҷанубӣ  
2006 XV Доха Қатар  
2010 XVI Гуанҷоу Чин  
2014 XVII Инчхон Кореяи Ҷанубӣ  

1 Бояд дар Кореяи Ҷанубӣ мегузашт  
² Бояд дар Покистон мегузашт  

Рӯйхати намудҳои варзиш

вироиш

Инҷо рӯйхати намудҳои варзиш ва соле, ки он да Бозиҳои Осиё пешбарӣ гаштаанд.

Дигар Бозиҳои Осиё

вироиш

Ғайр аз Бозиҳои Осиё, ки аслан тобистонаанд, боз дигар бозиҳои осиёгӣ ҳастанд: Бозиҳои зимистонаи Осиё (аз соли 1986), Бозиҳои Осиё дар биноҳо (аз соли 2005 солҳои тоқ), Бозиҳои соҳилии Осиё (аз соли 2008 солҳои ҷуфт) ва минтақавӣ (Осиё Марказӣ, Шарқи, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ).

Шаблон:Бозиҳои Осиё Шаблон:Намудҳои варзиш дар Бозиҳои Осиё