Сомӣ Юсуф

(Тағйири масир аз Сами Юсуф)

Сомӣ Юсуф (озарбойҷонӣ: Sami Yusuf, форсӣ: سامی یوسف‎; тав. 21 июли 1980, Теҳрон[1]) — сарояндаи британӣ, композитор, инструменталист, дипломат.

Сомӣ Юсуф
озарбойҷонӣ: Sami Yusuf, форсӣ: سامی یوسف
Соли 2011 дар Копенгаген
Соли 2011 дар Копенгаген
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 июл 1980(1980-07-21) (44 сол)
Зодгоҳ шаҳри Теҳрон, Эрон
Солҳои фаъолият 2003 - то ҳозир
Кишвар
Пеша(ҳо) сароянда
Соз фортепиано ва Барабан
Сабк traditional folk music[d]
Ношир(он) Awakening Music[d]
Ҷоизаҳо
Honorary Diploma of President of Azerbaijan Republic
samiyusufofficial.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Сомӣ Юсуф соли 1980 дар Теҳрон дар оилаи озарбойҷониёни эронӣ таваллуд шудааст. Дар синни 3 солагӣ ӯ ҳамроҳи волидонаш ба Британия кӯч баст ва то ҳол дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Аз айёми кӯдакӣ бо лавозимотҳои гуногун мусиқӣ менавохт ва дар Академияи Шоҳии Мусиқинавозон таҳсил мекард. Дар интервюи рӯзноманигорони Озорбайҷон соли 2009 гуфта буд, ки падару модараш озорбайҷонӣ, вале бобо ва бибиаш аз Эрон буданд.

Нахустин албоми худро бо номи Al-Mu’allim соли 2003 бароварда буд, ки баъди он соҳиби бисёр мухлис аз ҳар кунҷи дунё гашт. Дуввумин албоми ӯ Мy Ummah соли 2005 баромада буд. Нахустин ду албоми ӯ бо шумораи 1,5 млн нусха фурӯхта шуда, дар хит-парадҳои давлатҳои араб ва Туркия ҷойҳои болотаринро гирифтанд. Суруди маъруфи ӯ «Ҳасби Рабби» аз ҳама суруди бо теъдоди зиёди бафурӯшбаромада аст, ки онро дар телефонҳои мобилӣ, мошинҳо, қаҳвахонаҳо ҳаррӯза аз Қоҳира то Димишқ метавон шунид.

Дискография

вироиш
  • Al-Mu’allim — июли 2003
  • My Ummah — сентябри 2005
  • Without You — январи 2009
  • Wherever You Are — ноябри 2010
  • Salaam — декабри 2012
  • The Centre — сентябри 2014
  • Songs of the Way — январи 2015
  • Barakah — феврали 2016

Пайвандҳо

вироиш