Санади меъёриву ҳуқуқӣ

Санади меъёриву ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмие мебошад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори ваколатдор ва ё бо роҳи раъйпурсӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дошта, меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар, тағйир ё бекор мекунад. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дорои аломатҳои зерин мебошанд: аз ҷониби мақом ё шахси мансабдоре қабул мешаванд, ки ваколати эҷоди меъёрҳои ҳуқуқро доранд; шаклҳои махсуси ифода доранд (қонун, фармон, қарор ва ғайра); тартиби махсуси қабули худро доранд; барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва барои як давраи тӯлонӣ қабул карда мешаванд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, амали ҳамагонӣ (беруна) ва дохилиидоравӣ, санадҳои раъйпурсӣ, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор тақсим мешаванд.[1]

Нигаред низ

вироиш

Санади ҳуқуқӣ

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 409