Сангчиликбозӣ

(Тағйири масир аз Сангчабозӣ)

Сангчиликбозӣ, сангчил, сангчабозӣ, панҷабозӣ

Онро якчанд нафар духтарони аз 6 то 15-сола дар ҳавливу боғча, баъзан дар хонаҳо бозӣ мекунанд. Барои бозӣ 5 адад сангчаҳои гирди андозаашон баробари дўлона лозим аст. Бозигарон дар замин, ё дар рўйи гилем ё фарши хона нишаста, бо дастонашон сангчаҳоро болову поён партофта, гоҳе аз замин мечинанд ва гоҳе ангуштонашонро дарвоза карда, сангчаҳоро аз он дарун меандозанд. Сангчиликбозӣ аз 6 давр иборат буда, номи давраҳо чунинанд: каппа, қулфак, арӯс, қайчӣ, борон, барф ва жола. Дар саросари кишвар фаъол аст. [1]

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.

Нигаред

вироиш

Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 193