Саноати танҷим (форсӣ: صناعة التنجيم‎) — як ҳунари сеҳромези бостонист иборат аз пешгӯии толеъ ё пешомади корҳои одамони ҷудогона ва ҳатто ояндаи халқхову давлатҳо аз рӯи вазъияти сайёраҳо ва бурҷҳои осмон; дар аҳди бостон дар хоки маънавии Шарқ (Ошур, Бобул, Миср) ба вуҷуд омада, сипас ба соири кишварҳои Машриқ (Эрон, Ҳиндустон ва Чину Мочин) ва Мағриб (Юнону Рум ва Бизонс) густариш ёфтааст; дар асрҳои миёна бошад, зимни ҷаҳонбинии дини мавриди эътиқоду эътибори расмӣ қарор гирифта буд.

Таърих вироиш

Дар гузаштаи дур ҳамаги панҷ сайёра маълум буд, ки якҷоя бо Моҳу Офтоб ва ситораҳои собита «нуҳ табақи осмои»-ро ташкил медоданд. Бино ба ақидаи мунаҷҷимони қадим, Моҳ дар фалаки аввал, Уторид дар фалаки сонӣ, Зуҳра дар фалаки солис, Офтоб дар фалаки робеъ, Миррих дар фалаки хомис, Муштарӣ дар фалаки солис ва Зуҳал дар фалаки собеъ воқеъ шуда, ҳамаи бурҷҳо дар якҷоягӣ осмони ҳаштум — фалаки сомин ё савобитро ташкил медиҳанд. Ниҳоят, фалаки нуҳум баландтарин табақи осмон ба ҳисоб мерафт, ки фалаки тосеъ ё фалакулафлоқ (осмони осмонҳо) хонда мешуд.

Дувоздаҳ бурҷи фалаки сомин дар навбати худ ба чаҳор гурӯҳ — бурҷи обӣ (Саратон, Ҳут, Ақраб), бурҷи бодӣ (Далв, Мизон, Ҷавзо), бурҷи хокӣ (Савр, Сунбула, Ҷадӣ) ва бурҷи озарӣ (Асад, Қавс, Ҳамал) тақсим шуда буд.

Пешгӯии мунаҷҷимон ба мақоми ҳафт кавкаби сайёр — Моҳ (Қамар), Офтоб (Шамс), Тир (Уторид), Ноҳид (Зуҳра), Баҳром (Миррих), Ҳурмуз (Муштарб) ва Кайвон (Зуҳал), ки ба ҳафт иқлими Замин мураббӣ дониста мешуданд ва кавокиби собит, яъне 12 бурҷи фалаки сомин вобаста буд. Ҳар бурҷе дар навбати худ ба хую равишҳои одамӣ, сурату чеҳраҳо, бар иллату бемориҳо, гавҳару хонаҳо, бар ҷонвари гуногун, дарахту гиёҳ, обу бод ва оташҳо, ҷойгоҳ- ҳо, шаҳру ноҳияҳо далолат мекард. Масалан, бурҷи Ҳут ба Самарқанду Бухоро, инчунин Табаристон ва тарафи шимолии Гургон далел буд, дар ҳоле, ки Қавс ба Исфаҳону Бағдод, Раю Дамованд ва Дарбанди Хазарону Гунди Шопур далолат дошт.

Ҷамеи сайёраҳо (Шамсу Қамар низ аз кавокиби сайёр дониста мешуданд)-ро ба ду гурӯҳи муқобил — нару мода, саъду наҳс, бахосияту бехосият, гарму сард, дӯсту душман ва ғайра ҷудо мекарданд. Масалан, Зуҳра ва Муштарӣ сайёраҳои саодатовар ҳисоб мешуданд ва онҳоро мувофиқан Саъди Асғар ва Саъди Акбар мено- миданд, дар ҳоле, ки Мирриху Зуҳалро сайёраҳои наҳс медонистанд. Мунаҷҷимон бурҷҳоро низ ба ду гурӯҳ ҷудо карда гумон доштанд, ки қувваи таъсири муборак ё номубораки сайёраҳо ба одамон аз мавқеи онон нисбат ба бурҷи мазкур вобаста аст. Масалан, агар Уторид дар бурҷи Сунбула воқеъ шавад ва ё Зуҳра ба бурҷи Ҳут дарояд, бурҷҳои мазкур байтушшараф ном мегирифтанд, зеро гумон мерафт, ки ҳангоми «Қирони Саъд» таъсири нековарии онҳо аз ҳама беш хоҳад буд. Ва баръакс: дар бурҷи Асад воқеъ шудани Миррих ва ё ба бурҷи Далв даромадани Офтоб аломати бади ҳисоб мешуд (чунки вазъияти ҷирмҳои осмониро вабол ё патёра меномиданд) ва тамоми моҳи мазкуро моҳи наҳс ва номуборак медонистанд.

Яке аз пешаҳои асосии мунаҷҷимон тартиб додани зоича ё толеънома ба шумор мерафт. Онро ҳангоми таваллуди одамон аз рӯи вазъияти кунунии сайёраҳо нисбат ба якдигар ва бурҷҳо (минтақатулбурҷро ба дувоздаҳ бахши ноҳамвор қисмат карда буданд, ки онҳоро «хонаҳо» ё «буют» мехонданд) тартиб медоданд. Бурҷе, ки дар лаҳзаи таваллуди кас дар қисми шарқии осмон намоён мешуд, бурҷи толеъ ном дошт. Агар бурҷи мазкур аз ҷумлаи бурҷҳои саъд бошад (масалан, Савр ё Саратон), он гоҳ одами дар ин ҳангом зоидашударо гӯё толеи саъд насиб мешудасту агар аз бурҷҳои наҳс (масалан, Ҳамал ё Ҷавзо) бошад, толеи вожун ё абтар (бад) медоштаст.

Садаҳои миёна вироиш

Дар асрҳои миёна саноати танҷим аз ҷузъҳои таркибӣ ва рукнҳои ҷаҳонбинии мардумони Шарқу Ғарб ба шумор мерафт. Маҳз Саноати танҷим буд, ки он вақт миёни соҳаҳо ва ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти одамӣ, ҳатто дар байни соҳаҳое, ки дар назари аввал алоқае дошта наметавонанд, пули робита месохт. Масалан, аз назари одами асримиёнагӣ илми тибро новобаста ба Саноати танҷим умуман тасаввур кардан мумкин нест; ҷамеи илмҳои онвақта дар боби дорувориҳо, наботот ва ҳатто ҳайвонот ба принсипҳои танҷими юнонӣ такя мекард.

Дигар ҷиҳати хоси мақоми саноати танҷим дар гузашта иборат аз он буд, ки вай’дар таркиби илми ҳайат (ахтаршиносӣ) инкишоф меёфт ва ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ «самараи илмҳои риёзӣ» дониста мешуд. Ва маҳз ба хотири Саноати танҷим хонҳо ва бекҳои саҳроӣ, ки дар хурофот беназир буданд, мунаҷҷимонро дар паноҳ пазируфта дар таъсиси расадгоҳҳо кумак кардаанд.

Мутафаккирони гузаштаи мо Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино, Умари Хайём ва дигар, ки худ ҳайатшиносони маъруф буданд, пайташро ёфта, гоҳ рӯирост ва гоҳ пардапӯшона Саноати танҷимро танқид мекарданд. Бёрунӣ дар «Ат-тафҳим» навиштааст, ки эътиқоди ӯ «андар ин самара ва андар ин саноат монанди эътиқоди камтарин мардумон аст». Олими нобиға махсусан мунаҷҷимони Хуросонро ба мутаассиби муттаҳам карда гуфтааст, ки барои онҳо донистани на фақат табиати физикии ҷирмҳои осмонӣ, балки худи номи ситораҳо кофист. Ба ҳақиқат рост наомадани пешгӯии мунаҷҷимонро бошад, Берунӣ аз «сустии муқаддамоти ин саноат ва ошуфтагии қиёсҳош» дониста, сари ҳар замон «падид омадани дурӯғ ва табоҳии ҳукм»-и ононро ёдовар шудааст.

Абӯалии Сино ҳамчун табиатшинос илман ғалат будани пешгӯии офатҳои табииро дар Замии аз рӯи мавқеи ситораҳои осмон бо далелу бурҳони боварибахш исбот кардааст. Шайхурраис хулосаи мунаҷҷимонро дар бораи ои ки гӯё дар бурҷи Ақраб пайдо шудани Моҳ нишонаи боридани борон бошад, эрод гирифта навиштааст, ки ҳатто дар сурати ба вуқӯъ пайвастани чунин «пешбинӣ» ҳам вай фақат ифодаи тасодуфан дар як вақт ба амал омадани ду ҳодисаи ба ҳам новобаста мебошаду бас. Умари Хайём низ ба Саноати танҷим бовар намекард. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ном асараш далолат кардааст, ки «агарчи ҳукми ҳуҷҷатулҳаққи Умар бидидаам, аммо надидам ӯро дар аҳкоми нуҷум ҳеч эътиқоде ва аз бузургон ҳеч кас надидам ва нашунидаам, ки дар аҳкоме эътиқоде дошт».

Аз назари ҷаҳонбинии материалистӣ саноати танҷим, мисли кимиё, симиё ва соири улуми асримиёнагӣ, бунёди илмӣ надорад. Вале бояд эътироф кард, ки мунаҷҷимони аҳди пешин, дар ғояти таҳриф бошад ҳам, тарҳи бенури робитаҳои табиии арзу саморо ошкор сохта буданд. А. Л. Чижевский солҳои 30 зимни андешаи амиқи масъалаҳои ҷуғрофияи тиббӣ ва эпидемиология чунин нигошта буд: «Аз афташ, ғояи алоқаи инсон бо қувваҳои берунаи табиат дар худи оғози вуҷуди ӯ пайдо шудаст. Маҳз дар заминаи ин ғоя қадимтарин соҳаи илм: — Саноати танҷим ташаккул ёфта нашъунамо кардааст; илме, ки (агар ҳамаи иштибоҳҳои ирфониашро сарфи назар кунем) робитаи ҷамёи ашё ва ҷамеи ҳодисаҳоро талқин менамуд. Бино ба яке аз шохаҳои дониши ахтарбинӣ, тибби танҷимӣ, иллатҳои организми зинда таҳти нуфузи бевоситаи қувваҳои кайҳонӣ мебошанд, ба ҷиҳати он ки қувваи мазкур «таъсир»-и пурзур ва пур- асроре доранд… Дар истилоҳи ҳозираи тиббӣ «инфлуэнса» айнан нақши он робитаи соҳромез миёни падидаҳои табиат ва организми одам боқӣ мондааст».

Дар арзи панҷоҳ соли охир муҳлате, ки А. Л. Чижевский барои эътирофи илмии таъсири омилҳои осмонӣ ба падидаҳои заминӣ, махсусан ба аҳволу авзои одамон пешбинӣ карда буд, ҷиҳатҳо ва ҷузъиёти нави робитаи ботинии арзу само зоҳир шудаанд. Алҳол як соҳаи нави илми табиатшиносӣ ташаккул ёфтааст, ки дар бурришгоҳи физика ва биология қомат афрохта ба истилоҳ робитаҳои Заминию Офтобиро тадқиқ мекунад.

Бо вуҷуди ҳам дар илм ва ҳам дар амалия ҳамаҷиҳата исбот шу- дани нодурустии аҳкоми нуҷум дар аксар кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар мамлакатҳои тараққикардаи Аврупои Ғарбӣ ва Америка мунаҷҷимон нуфузу эътибори пешинаи худро нигоҳ доштаанд. Газетаҳо қариб ҳар ҳафта «пешгӯй»-ҳои онҳоро интишор мекунанд, ҷамоаҳои танҷимӣ таъсис шудаанд, оид ба Саноати танҷим жур- налҳои махсус чоп мешаванд ва ҳатто дар баъзе донишкадаҳо аҳкоми нуҷумро таълим медиҳанд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Абӯрайҳони Берунӣ, Китобу-т-тафҳим, Душанбе 1973;
  • Акбар Турсуновв. Кайҳоншиносӣ ва эътиқоди динӣ, Душанбе 1975;
  • Чижевский А. Л., Земное эхо солнечных бурь, Москва. 1976.

Сарчашма вироиш