Саноат Бозорова
Саноат Бозорова (Бозорова Саноат Шукуровна; зод. 29 августи 1932, шаҳраки Роҳатӣ, ноҳияи Янгибозор) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогика (2006), профессор (2010)
Бозорова Саноат Шукуровна | |
Таърихи таваллуд | 29 август 1932 (92 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Янгибозор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Душанбе (1957) |
Ҷоизаҳо |
Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1964) Аълочии мактаби олии ИҶШС (1982) |
Зиндагинома
вироишСаноат Бозорова 29 августи 1932 дар шаҳраки Роҳаии ноҳияи Янгибозор дар хонаводаи хидматгори давлатӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1941—1952 мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳри Душанбе ва дар солҳои 1952—1957 факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро таҳсил кардааст.
Корнома
вироишМуаллими мактаби № 25; № 37 ва мактаб-интернати № 2, шаҳри Душанбе (1957—1964). Муалллими калон, дотсенти кафедраи фалсафаи ДДОТ (1964—1998). Дотсент, мудири кафедраи фалсафа, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1998—2004). Дотсенти кафедари фалсафаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2004—2005). Дотсенти кафедраи фалсафаи ДМТ (2005—2006). Аз 2007 профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишСаноат Бозорова аз аввалинҳост, ки ташаккули асосҳои назариявии маълумоти педагогӣ ва вазифаҳои стратегии макотиби олӣ, фалсафаи тарбия ва роҳҳои рушди он дар заминаи омӯзиши шахсият (ҷиҳати тақвият додани андеша ва афкори роҳбари гурӯҳ)-ро барои соатҳои тарбиявӣ дар макотиби олӣ мавриди ҳаллу фасли илмӣ қарор додааст.
Муаллифи 8 рисола, 10 дастури методӣ ва зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-методӣ мебошад.
Унвону ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1964),
- Аълочии мактаби олии ИҶШС (1982).
Осор
вироиш- Интернациональное воспитание рабочего класса. Д., 1984. 115 с.
- Воспитание — важнейшая стратегическая задача ВУЗа. Д., 2002. 104 с.
- Образование: история возникновения и развития. Д., 2005. 230 с.
- Теоретические основы становления и развития высшего педагогического образования Таджикистана. Д., 2006. 326 с.
- Философия воспитания: пути совершенствования (социально-практический аспект). Д., 2010. 244 с.
- Педагогика высшей школы. Конспект лекций для аспирантов. Д., 2013. 181 с.
- Маориф ва аҳаммияти он барои такмили мутахассисони оянда. Д., 2004;
- Маориф: таърихи пайдоиш ва рушди он. Д., 2005;
- Асосҳои назариявӣ ва ташаккули маълумоти педагогӣ. Д., 2006;
- Фалсафаи тарбия: роҳҳои рушди он. Д., 2008;
- Тарбия дар заминаи омӯзиши шахсият. Д., 2010;
- Тарбия яке аз вазифаҳои стратегии мактаби олӣ. Д., 2011;
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Бозорова Саноат Шукуровна // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.