Санҷай Датт (29 июл, 1959 — ) (Sanjay Dutt) — ҳунарпешаи синамои машҳури мусулмони Ҳиндустон.

Санҷай Датт
англ. Sanjay Dutt
Сурат
Таърихи таваллуд 29 июл 1959(1959-07-29)[1] (65 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша таҳиякунандаи филм, овозхон, ҳунарпешаи синамо, сиёсатмадор
Падар Сунил Датт
Модар Наргис (ҳунарпеша)
Ҳамсар Manyata Dutt[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Санҷай Датт 29 июли соли 1959 ба дунё омадааст. Санҷай писари ҳунарпешаи машҳури мусулмон Наргис ва Сунил Датт мебошад. Сунил Датт низ дар ибтидо ҳунарпеша ва коргардон будааст. Ӯ баъдтар ба сиёсат машғул мешавад, вале аз сабаби дасисакории рақибони сиёсияш маҷбур мешавад арсаи сиёсатрро тарк намояд. Санҷай дар оила фарзанди аввалӣ буд. Волидайн кӯшиши он мекарданд, ки Санҷай аз хурдсолияш ба санъати синамо рӯй оварад ва барои ин ҳама шароитҳоро фароҳам меоварданд.Ӯ баъдтар ба сиёсат машғул мешавад, вале аз сабаби дасисакории рақибони сиёсияш маҷбур мешавад арсаи сиёсатрро тарк

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Бори аввал Санджай соли 1986 бо Рича Шарма хонадор шудааст, ки онҳо соҳиби духтараке Тришала (с.тав. 1988) гардидаанд. Рича соли 1996 аз бемории варами мағзи сар аз дунё мегузарад ва волидони ӯ кӯшиш мекунанд то сарпарастии кӯдакро ба худ гиранд ва Санҷайро аз сарпарастӣ маҳрум кунанд. Соли 1998 Санҷай бори дуюм бо модел Риӣ Пиллаӣ (с.т.1965) оила барпо намуд. Онҳо соли 2008 аз ҳам ҷудо шуданд. Соли 2008 ӯ бо Дилнавоз Шейх (бо тахаллуси Манята машҳур аст) ақди никоҳ намуд ва 21 октябри соли 2010 онҳо соҳиби дугоник, як писар Шаҳрон ва як духтар Иқра гардиданд.

Эҷодиёт дар синамо

вироиш

Филми "Рокки”-ро (1981) махсус барои ӯ таҳия карданд ва аз он умедҳои калон доштанд. Вале вақте ки филм дар байни тамошобинон шуҳрат пайдо накард ва ҳама донистанд, ки нигоҳи хоболудонаи Санҷай аз истеъмоли маводи мухаддар аст, дар ҷодаи синамо роҳ ба ӯ баста шуд. Дар ҷои ӯ дӯсти беҳтаринаш ва оянда шавҳари хоҳараш Гаурав Кумар бо филми "Ривояти ишқӣ” омад. Карйераи Санҷай оғоз наёфта, ба поён рафт.

Вале тақдир боз ба ӯ зарбаи дигаре зад– модари азизаш аз бемории саратон вафот кард. Баъд аз ин Санҷай роҳи гурез аз дарду ҷафоро дар ҳероин дид ва ба истеъмоли он пардохт. Ӯ аз ҳама канор меҷуст ва боре кӯшиши худкушӣ низ намудааст. Вале баъдтар дарк мекунад, ки бояд аз банди нашъа раҳоӣ ёбад ва ба беморхонае муроҷиат мекунад. Санҷай Датт дар он ҷо табобат ёфта боз ба саҳна бар мегардад. Коргардон Маҳеш Бҳатт ӯро ба филми худ - "Ном” даъват мекунад ва ин филм ба Санҷай шуҳрат меорад.

Даврони хуше барои Санҷай Датт сар шуд: Ӯ ба Рича Шарма хонадор шуд ва соҳиби духтар Тришала гардид. Коргардонҳо акнун ӯро ба нақшҳои ҷолибу арзанда даъват мекарданд. Филмҳои беҳтарини бо иштироки Санҷай Дат: "Таъқиб” ва "Дӯстдошта”: "Таъқиб” ва "Дӯстдошта” дар ин давра ба навор гирифта шудаанд. Олам дар назари ӯ ба ранги дигар ҷилва кард. Вале боз чанде пас бахт аз ӯ рӯй тофт... Ҳангоми наворгирии филми “Қасос” (1993) дар Маврикий Санҷайро барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа айбдор донистанд ва чун тайёраи онҳо ба Ҳиндустон фуруд омад, ӯро ҳабс карданд...

Баъд аз даводаву кашмакашҳои зиёди судӣ ӯро озод карданд. Санҷай ба саҳна баргашт ва нақшофариниро давом дод. Вале додгоҳ ӯро айбдор донист ва 15 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Пас аз ба озодӣ баромадан, Санҷай дар давоми ду моҳ худро ҷисман ва рӯҳан тайёр кард. Ӯ ба ҳамагон исбот кардан мехост, ки на марги ашхоси наздик ва на маҳбас бовариро ӯро ба худ аз байн бурда наметавонанд...

Боз филмҳои машҳур бо иштироки ҳунарманди аллакай овозадор ба экранҳо баромаданд ва чунин менамуд, ки дигар Санҷайро ояндаи хуше интизор аст. Вале қисмат ин дафъа низ ба ӯ бевафоӣ кард ва завҷааш Рича аз саратони мағзи сар вафот кард. Баъд аз панҷ соли марги Рича Санҷай оилаи нав барпо кард. Ӯ ба дӯсти деринааш Рҳея хонадор шуд.

Дар айни замон Санҷай Датт яке аз машҳуртарин ситорагони синамои Ҳинд мебошад. Барои ӯ чандин коргардонҳо кор мекунанд ва ба ӯ нақшҳо тартиб медиҳанд.