Санҷари Кошонӣ
Мирмуҳаммад Ҳошим ибни Ҳайдари Кошонӣ, машҳур ба Санҷар (1572, Кошон, Устони Исфаҳон — 1612, Биҷапур[d]) — шоири порсигӯй дар дарбори Гуркониён дар Ҳиндустон буд.
форсӣ: محمدهاشم سنجر کاشانی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | форсӣ: میر محمدهاشم بن حیدر کاشانی |
Таърихи таваллуд: | 1572 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1612 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМирмуҳаммад Ҳошим ибни Мир Ҳайдар муаммойӣ Кошӣ (Кошонӣ) дар соли 981 ҳиҷрӣ дар Кошон ба дунё омада, дар онҷо таҳсил кардааст. Падараш шоир буд ва вақте дар соли 999 ҳиҷрӣ ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард, Санҷар ҳаждаҳсола буд. Соли дигар ӯ мисли падараш ба Ҳиндустон рафт ва дар дарбори Ҷалолиддини Акбар дар Агра пазируфта шуд.[1] Санҷар дар соли 1021 ҳиҷрӣ дар Биҷапур даргузашт.[2]
Шеър
вироиш«Санҷар шоири зибардаст буд», пас аз Урфии Шерозӣ дар истиорҳпарози «касе аз вай беҳтар набуд ва ӯ бархилофи падар, ки қареҳаи танаввӯъпасанди надошт, дар анвоъ шеър табъозмои намуд.» Санҷар Кошонӣ дар қолабҳои қасида, ғазал ва маснавӣ шеър суруд. Нусхае аз девон ӯро Забеҳулло Сафо дар китобхонаи Осорхонаи Биритониё дида, ки беш аз 4800 байт будааст.[1]
Вай қасоиди дар мадҳи Ҷалолуддин Акбар ва Иброҳим Одилшоҳ ва Мирзо Ҷонибиг дорад. «Шеъраш бисёр равон ва пурэҳсос ва бар шеваи шоирон пеш aз ӯ хосса гӯяндагон садаи нӯҳум ва даҳуми ҳиҷрӣ ва бо каломи пухта ва мунтахаб аст ва ғазалро беҳтар аз ақсоми дигар навиштааст.»[1]
Осор
вироиш- Девони шеър
- Хусрав ва Ширин: Маснавии нотамом дар шашсад байт
- Фаррухнома: соқиномае дар 500 байт.
Намунаи шеър
вироишэй кушта боди домани ҳуснат чироғҳо
Ошуфта бӯии сунбули зулфат димоғҳо
Ҳоли дилам зи чоки гиребон қиёс кун
Битавон шунид буии гул аз кӯчабоғҳо
Донам, ки офтоб наёяд бурун ба шаб
Аз дида чанд дар раҳат орам чироғҳо
Хунин зи захми хор, пару боли булбулон
Дар пойи гулбун аст гулоафишони зоғҳо[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 ذبیحالله صفا. تاریخ ادبیات در ایران. — Ҷ. 5. — С. 931—937. — ISBN 9789643204754.
- ↑ دیوان سنجر کاشانی. — کتابخانه، موزه و مرکز اسناد مجلس شورای اسلامی. — С. 39—88.
- ↑ بزرگان کاشان. — مرسل. — Ҷ. 2. — С. 105. — ISBN 9789648288100.