Акбари Бузург
Акбар Абулфатҳ Ҷалолуддин Муҳаммад (урду: جلال الدین اکبر, ар. جلال الدين أبو الفتح محمد أكبر, ҳиндӣ: जलालुद्दीन मुहम्मद अकबर), машҳур бо Акба́ри Бузург (15 октябр 1542[1], Umarkot Fort[d], Империяи Муғул — 25 октябр 1605, Fatehpur Sikri[d], Agra Subah[d], Империяи Муғул) — севумин ва машҳуртарин подшоҳи Ҳиндустон аз силсилаи Темуриёни Ҳинд (Муғулҳои бузурги Ҳинд), арбоби давлат, сарлашкар.
جلال الدین محمد اکبر | |
подшоҳи сулолаи Темуриёни Ҳинд дар Ҳиндустон
|
|
Таваллуд |
15 октябр 1542[1] |
Даргузашт |
1605 |
Мадфан | |
Дудмон | Бобуриён |
Падар | Humayun[d] |
Модар | Hamida Banu Begum[d] |
Ҳамсар | Mariam-uz-Zamani[d], Ruqaiya Sultan Begum[d] ва Салима Султонбегим[d] |
Фарзандон | Ҷаҳонгиршоҳ[d], Murad Mirza of Hindustan[d], Prince Daniyal[d], Aram Banu Begum[d], Khanum Sultan Begum[d] ва Shakr-un-Nissa Begum[d] |
Эътиқод | ислом ва Дини илоҳӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПас аз марги Ҳумоюн (1556) дар 14-солагӣ соҳиби тахту тоҷи давлати Темуриёни Ҳинд шуд. Азбаски ӯ ҳанӯз хурдсол буд, корҳои давлатиро то муддате вазираш Байрамхон сомон медод. Пас аз 18-солагӣ (аз соли 1560) Акбар зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифт.
Забткориҳо
вироишВай дар навбати аввал тавонист муқовимати афғонҳоро рафъ кунад ва минбаъд Ҷайнпур, Гволиур, Аҷмир, Гондвоноро тасхир карда, мулкҳои Читор ва Тантҳамборро ҳам зери итоати худ даровард. Андаке баъдтар навоҳии бойи Роҷистон, Гуҷарот, Бамғол, Кобул, Кашмир, Синд, Дакан, Аҳмаднагарро низ фатҳ кард ва Деҳлию Аграро пойтахти давлатдории Темуриёни Ҳинд қарор дод. Акбар бо давлатҳои ҳамсояи худ, аз қабили Сафавиёни Эрон робитаи дӯстона барқарор намуд; ҳамчунин бо Убайдуллохон (хони Шайбониёни ӯзбек) низ муносибатҳои ҳасана ба даст овард; дар аҳди ӯ байни давлати Темуриёни Ҳинд ва Имперотурии Усмонӣ дар мавриди хатари муштарак (ҳузури португалиягиҳо дар Уқёнуси Ҳинд ва ноҳияҳои соҳилӣ) паймонҳои ҷиддӣ баста шуданд.
Ҳукумрониҳо
вироишДар давраи ҳукмрониаш Акбар лашкари низомии савора таъсис дод, ки дар ҷангҳо ва муборизаҳо бо феодалҳои маҳаллӣ ва лашкари бегонагон қувваи асосӣ буд. Ба сипаҳсолорон ба ҷойи замин маоши пулӣ муқаррар намуд, сипоҳро аз нав бо силоҳи навтар ҷиҳозонд. Акбар на танҳо сарлашкари боистеъдод, балки яке аз машҳуртарин ходимони давлатӣ дар таърихи Ҳиндустон буд; ӯ ба аъёну ашрофи Ҳинд такя карда як қатор чораҷӯиҳои давлатӣ доир намуд: аввалан ҳудуди давлатро ба 12 остон (мисли вилоят ё штат-иёлат) тақсим кард, системаи муносиботи арзӣ ва молиро ба низоми муайян даровард — андозаи молиётро мушаххас ва пардохти андози ҷизяро аз мардуми ғайри мусалмон манъ кард, унсурҳои мухталифи нажодӣ ва қавмиро (эронитаборон, туркҳо, афғонҳо, дравидҳо ва ғайра) ба ҳам наздик намуд ва аз байни онҳо табақоти ҷадиди иҷтимоӣ ба номи «мансабдорони кишвар»-ро ташкил дод. Акбар барои ривоҷу равнақи фарҳангу адаби Ҳиндустон хидматҳои босазоеро анҷом додааст. Акбар ният дошт дар Ҳиндустон эътиқоди умумиеро бо номи «Дини Илоҳӣ» ҷорӣ намояд, ҳарчанд ин дин дар аввалҳо бо унвони «Оини Акбарӣ» маъруф гардид, вале баъди вафоти Акбар он фақат ба мазҳабе табдил ёфту халос. Акбар расму русумоти нахушоянду бад ва манфурро чун «сотӣ» (зинда сӯзондани зан пас аз марги шавҳар), издивоҷи хурдсолон, ғуломдорӣ ва амсоли инҳоро дар саросари кишвар манъ кард. Тибқи маълумоти маъхазҳо Акбар ба илму адаб низ дилбастагӣ доштааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Сарчашма
вироиш- Акбари Бузург // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.