Саодат Икромӣ (21 марти соли 1914, Бухоро — 23 ноябри соли 1996) — китобдор, яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобдори шоистаи Тоҷикистон (1958). Ҳамсари Ҷалол Икромӣ.

Саодат Икромӣ
Таърихи таваллуд 21 март 1914(1914-03-21)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 23 ноябр 1996(1996-11-23)
Ҳамсар Ҷалол Икромӣ
Фарзанд Ҷонон Икромӣ

Зиндагинома

вироиш

Саодат Икромӣ 21 марти соли 1914, дар шаҳри Бухоро ба дунё омадаст. Оғози солҳои сиюми қарни гузашта ҳамроҳи волидайн ба пойтахти Тоҷикистон омад ва дар Техникуми молия таҳсил кард. Соли 1934 бо амри тасодуф дар Китобхонаи навтаъсиси давлатӣ — оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ чун китобдор фаъолияти кориашро шурӯъ намуд ва умре ба ин касб вафодор монд.

Саодат баробари тарбияи чаҳор фарзанди хеш дар тарбияи маънавии садҳо ва ҳазорон ҳамиллатонаш саҳм гирифта, дасти чандин китобдорони ҷавонро дар ҷодаи касб рост намудааст, дар ин боргоҳи маърифат ба қавле замини ҳамвори пешониро чин болои чин кард.

Ҷоизаҳо

вироиш

Хидмати шоёни ин бонуи бомаърифат бо унвони фахрии «Китобдори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» (1957) ва чандин Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва таърифномаҳо қадр гардидааст.

Даргузашт

вироиш

Саодат Икромӣ баъди марги шавҳараш Ҷалол Икромӣ боз се соли дигар зист ва 23 ноябри соли 1996 дар синни 82 солагӣ даргузашт[1].

  1. Хотун Файзмамадова. Китобдорони шоистаи Тоҷикистон: Саодат Икромӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 25 октябри 2022 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Козырова Л.Г Главная библиотека республики // Библиотеке имени Фирдавси — 50 лет, — Душанбе, 1983. — С. 5 — 23
  • Хазинаи илму адаб (бо ҳамкории Ҷ. Икромӣ), // Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷашннома, — Душанбе, 1993, — С. 6- 7.