Саолибии Нишопурӣ
Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил Нишопурии Саъолибӣ (форсӣ: ابومنصور عبدالملک ثعالبی; 961[1], Нишопур — 1038[1]) — донишманди маъруфи арабизабони эронитабори охири аҳди Сомониён, муаллифи «Ятимату-д-даҳр».
ар. عبد الملك بن مُحمَّد بن إسماعيل الثعالبي | |
Таърихи таваллуд | 961[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1038[1] |
Фазои илмӣ | ҷуғрофиё ва филология |
Зиндагинома
вироишДар Нишопур таҳсил кардааст. Азбаски ба савдои пӯсти рӯбоҳ машғул шуда буд, ӯро Саолибӣ (саолиб ҷамъи саълаб, ки ба арабӣ рӯбоҳ аст) гуфтаанд.
Саолибӣ бо роҳи тиҷорат ба нимҷазираи Арабистон, Испания, Ироқ, Хуросону Мовароуннаҳр ва Хоразм сафар карда, дар ин ҷойҳо дониши худро тақмил додааст. Аз ашъори Саолибӣ, ки ба забони арабист, 23 байт боқист. Саолибӣ бештар чун муаррих ва адабиётшинос машҳур аст. Ӯ зиёда аз 50 асар навиштааст, ки машҳуртаринашон «Ятимату-д-даҳр», «Ғурар ахбор мулук ал-фурс ва сияруҳум» («Беҳтарин ахбор одар мавриди шоҳони форс ва саргузашти онҳо»; номи дигар «Шоҳнома»-и Саолибӣ мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Саолибӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).