Сариангушт, сариангуштӣ — як навъ ангури ҷойдорӣ. Селексияи халқист. Токаш зудсабз, баргаш панҷашакл, гулаш дуҷинса, хӯшааш ғуч (вазни миёнааш 324 грамм), донааш дарозрӯя ё гирда, пӯсташ ғафс (ширааш 27—30% қанд дорад).

Охирҳои моҳи сентябр мепазад. Барои тархӯрӣ ва мавиз истифода мебаранд. Сариангушт ан- гури серҳосил (аз ҳар гектар 300—350 сентнер). Дар вилоятҳои Ленинобод, Сурхондарё ва Самарқанд мепарваранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сорта винограда Узбекистана, Ташкент, 1974.

Сарчашма вироиш