Муҳаммадамини Самарқандӣ

(Тағйири масир аз Сарфароз)

Муҳаммадамини Самарқандӣ, мутахаллис аб Сарфароз (? — қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Муҳаммадамини Самарқандӣ

Зиндагинома

вироиш

Аз Самарқанд. Соли 1667 аз гуруснагии сахт гурехта, ба Бухоро рафт. Дар ин шаҳр эҷодиёти ӯ камол ёфт ва Сарафроз мақоми баланди шоирӣ пайдо кард. Дар тазкираи Малеҳои Самарқандӣ Сарафроз ҳамчун шахси зарифу маҷлисоро, хушҳофиза, шоири ҷӯяндаву тозасухан ва дар назму наср устод тавсиф шудааст. Миқдори ашъори Сарафрозро Малеҳо бештар аз 20000 гуфтааст. Девонаш пайдо нест. Намунаҳои осори Сарафроз дар тазкираи Малеҳо ва дигар баёзу ҷунгҳо дарҷ шудаанд. Сарафроз сабки ҳиндиро дар равияи соддаи он ривоҷ додааст.

Шеърҳои ӯ бисёр образҳои тоза доранд ва соддаву фаҳмо навишта шудаанд:

Бувад бе холи абрӯи ту бо ман,
Ситора сангу мох, фалохан.
Агар гӯям сухан аз шӯрбахтӣ,
Даҳонам пурнамак гардад чу ҳован.

Адабиёт

вироиш
  • Муҳаммадамини Самарқандӣ / С, Саъдиев // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).