Сарфии Соваҷӣ
Салоҳуддин Сарфии Соваҷӣ (форсӣ: صلاحالدین صرفی ساوجی), маъруф ба Сарфии Жулидамӯй (?, Сова — 1595, Дакан) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишСилсилаи насаби ӯ ба Салмони Соваҷӣ мерасидааст. Аз шогирдони Мавлоно Муҳташами Кошонӣ. Дар пирӣ ба Ҳиндустон сафар кард. Чанде дар Гуҷарот буд. Аз он ҷо ба Лоҳур омада, бо Файзии Даканӣ шиносои пайдо кард ва ҳамроҳи ӯ ба Дакан рафт. Сарфии Соваҷӣ дар сурудани ғазалу қасида, билхосса, дар бадеҳатан гуфтани шеър маҳорати том дошт. Соҳибдевон будааст, вале девонаш ҳанӯз дастрас нест. Ин байт намунае аз эҷодиёти ӯст:
Бо ту рашкам кушаду бе ту ҷудоӣ; чӣ кунам?
Мекашам ин ҳама аз дидану нодидани ту!
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Сарфии Соваҷӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).