Сатрапия
Сатрапия — с а т р а п й, музофоти ҳарбию маъмурии давлатҳои Ҳахоманишиён, Селевкиён, Порт ва Сосониёнро гӯянд, ки онро сатрапҳо идора мекарданд. Ба сатрапия сипаҳсолорон низ таъйин мешуданд. Дорои I дар катибаҳои Бесутун (кӯҳе дар назди Кирмоншоҳ) ва Нақши Рустам феҳристи пурраи сатрапияро зикр карда аст. Дар қаламрави Осиёи Миёна ва Қазоқистони ҳозира ҳам сатрапияҳои алоҳида вучуд доштаанд. Ҳар як сатрапия ба миқдори муайян андоз медод. Аксарияти сатрапияҳо қонун, урфу одат, забони худро доштанд.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.