Аслиддин Сатторов

(Тағйири масир аз Сатторов Аслиддин)

Аслиддин Сатторов (Сатторов Аслиддин Арбобович; зод. 3 январи 1957, деҳаи Варзи Манор, ноҳияи Айнӣ) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998).

Аслиддин Сатторов
Таърихи таваллуд 3 январ 1957(1957-01-03) (67 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1998)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи (1980) Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) аст. Вазифаҳои хоҷагию иттифоқҳои касабаро дар зодгоҳ ба иҷро расондааст. Азбаски созу наво дар дили кӯчакаш барвақт панҷа зада, дунёи ҷавониаш аз ҳавои софу беғубори мусиқӣ фараҳ гирифта буд, баробари кори асосӣ ба овозхонӣ шуғл меварзад, садои гироияш аз миёни кӯҳҳои баланди диёр ба гулгашту хиёбонҳо, ба ҳар кошонаи мардуми ҷумҳурӣ бол кушоду роҳ ёфт. Пайваста паи эҷоду ҷустуҷӯст, шеърҳои пурмаъниро интихоб мекунад.

Сурудаҳо

вироиш

«Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ», «Деҳқон», «Хуш омадӣ», «Тоҷикистон», «Як рӯзи умр», «Пайваста равад», «Фарзанди Зарафшонем», «Донистам», «Падарҷон», «Интизорӣ», «Сарчашмаи ишқ», «Ҳамдами ман», «Ҷононаи дил» намунае аз сурудҳояш мебошанд. Дар озмунҳои «Бӯстон» — 1,2,3, «Андалеб» — 1,2,3 ва дигар ҷашнвораҳои умумиҷум-ҳуриявӣ ширкат доштааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.