Сафедҷомагон — пайравон ва тарафдорони Муқаннаъ. Муқаннаъ бар зидди аломати давлатии Аббосиён (яъне сиёҳпӯшӣ) тарафдорон ва пайравони худро фармуд, ки ҷомаҳои сафед пӯшанд ва баъди ин ҳамаи тарафдорони Муқаннаъ — ҷомаҳои сафед дар бар доштанд ва ба ҳамин сабаб дар таърих номи расмии пайравони Муқаннаъ Сафедҷомагон шуда монд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сафедҷомагон / У. Тоиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Айнӣ С., Куллиёт, Ҷилди 12, Д., 1976.