Сафии Яздӣ (форсӣ: صفی یزدی‎; ? — қарни XII) — шоири форс-тоҷик.

Сафии Яздӣ

Зиндагинома

вироиш

Сафии Яздӣ пас аз касби камол ба дарбори ҳукмрони давр Туғошоҳ ибни Алп-Арслон роҳ ёфт ва чанде дар хидмати ӯ буд. Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» аз таваҷҷӯҳи ӯ ба тасаввуф хабар медиҳад. Аз эҷодиёти Сафии Яздӣ якчанд ғазал, рубоиҳо ва абёти пароканда ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидааст, ки асосан ба мавзӯи ишқӣ ирфонӣ ва ишқу муҳаббати поки инсонӣ оиданд. Дар як ғазалаш мегӯяд:

Чӣ дард аст ин, ки ишқаш ном карданд.
В-аз ӯ ошӯби хосу ом карданд.
Ҳар он-ч андар замона дарди дил буд,
Яке карданду ишқаш ном карданд.

Ин ғазали Сафии Яздӣ мавриди татаббуъи шуарои баъдина қарор гирифтааст. Аз ҷумла, шоири асри 14 Фахруддини Ироқӣ дар як ғазалаш чунин менигорад:

…Ба олам ҳар куҷо ранҷу бало буд,
Ба ҳам карданду ишқаш ном карданд.

Адабиёт

вироиш
  • Сафии Яздӣ / М. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).