Сафоии Табрезӣ (форсӣ: سفایی تبریزی[1]; ?, Табрез — 1607, Қазвин) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Сафоии Табрезӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар Табрез таҳсил карда, баъди аз ҷониби туркони усмонӣ забт шудани ин шахр ба Қазвин фирор кард ва дар он ҷо даргузашт. Сафоии Табрезӣ дар фиқҳ устод буд ва бо хаттотӣ низ машғул мешуд. Маҳорати баланди шеъргӯӣ дошт ва дар ғазалсароӣ устоди замон буд. Сафоии Табрезӣ шоири соҳибдевон буда, байти зер ба ӯ мансуб аст:

Маро дар дида хун чандон аз он лабҳои майгун аст,
Ки хар чашме маро бар сар мисоли косаи хун аст.

  1. صفایی تبریزی. ویستا. 14 июни 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Сафоии Табрезӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).