Сахидод Раҳматуллозода
Сахидод Раҳматуллозода (зод. 27 октябри 1964, деҳаи Қизилиттифоқ, ноҳияи Қубодиён) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИТ[1].
Таърихи таваллуд: | 27 октябр 1964 (58 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Қубодиён |
Фазои илмӣ: | филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо: | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010) |
ЗиндагиномаВироиш
Сахидод Раҳматуллозода 27 октябри 1964 дар деҳаи Қизилиттифоқи ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст[2]. Солҳои 1972—1982 дар мактаби № 37 ноҳияи Қубодиён таҳсил кардааст. Форуғуттаҳсили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Дар солҳои 1984—1986 дар Артиши Шӯравӣ хидмати низомӣ кардааст
КорномаВироиш
Дар солҳои 1989—1991 лаборанти шуъбаи шевашиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, солҳои 1991—1994 аспирант, солҳои 1994—1998 ходими хурди илмӣ ва дар солҳои 1998—2003 ходими илмӣ, ходими калони илмии шуъбаи шевашиносии Институти забон ва адабиёт кор кардааст. Солҳои 2003—2005 муҳаррири маҷаллаи «Бойчечак» буд.
Соли 2005 як муддат ёрдамчии ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, солҳои 2005—2008 муовини ректор доир ба тарбия, солҳои 2008—2010 мудири кафедраи забони тоҷикӣ, солҳои 2010—2012 декани факултети филологияи тоҷик, солҳои 2012—2013 дар рухсати эҷодӣ, солҳои 2013—2015 мудири кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, дар солҳои 2015—2019 директори Институти забону адабиёти Рӯдакӣ ва дар солҳои 2019—2020 профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд.
Аз соли 2022 вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад[3].
Сахидод Раҳматуллозода яке аз мураттибони асосии «Энсиклопедияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон» ба шумор меравад.
ҶоизаҳоВироиш
Бо нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Ш. Ёраҳматзода. Марде дар арсаи талошҳо. anrt.tj. АМИТ. 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Раҳматуллозода Сахидод Раҳматуллоевич. www.iza.tj. 2 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло. www.kumitaizabon.tj. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 феврали 2023 санҷида шуд.