Саъдулло Наимбоев
Саъдулло Наимбоев (тав. 20. 05. 1937, деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара – ваф. 05.03.2007, шаҳри Душанбе), забоншинос ва адабиётшинос, номзади илмҳои педагогӣ (1982), дотсент.
Зиндагинома
вироишСолҳои 1955–1959 дар факултети таъриху филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Ленинобод таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатияш ҳамчун муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Конибодом ва Исфара шурӯъ шудааст. Пас аз он бо мақсади такмили донишу тахассуси хеш ба ш. Душанбе омадааст. Якчанд муддат ҳамчун муҳаррири шуъбаи мусиқии Кумитаи радиои Тоҷикистон фаъолият дошта, ҳамзамон солҳои 1970–1973 дар аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1973–1996 ҳамчун муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1982–1986 вазифаи муовини декан, 1986–1993 вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Солҳои 1996–2003 ҳамчун мушовири Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва пас аз он дотсенти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории донишгоҳи омӯзгории бо номи Қ.Ҷӯраев фаъолият намудааст. Оид ба мундариҷа ва усулҳои таълими вазни арӯз, воситаҳои тасвири бадеӣ, инчунин дигар масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву асарҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1990) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Осор
вироиш- Таълими шеър дар мактаб (Дастури таълимӣ), Д., 1982;
- Хониши ифоданок, Д., 1990;
- Қомуси асотирӣ ва ишороти фарҳангӣ. Ҷ. 1, Д., 2006.
- == Пайвандҳо ==
- Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ