Саъдулло Неъматов (26.01.1950, шаҳри Хуҷанд ), филолог, доктори илми педагогӣ (1992), профессор (1992), академики Академияи байналхалқии мактабҳои оли (1994).[1]

Саъдулло Неъматов
Саъдулло Эргашевич Неъматов
Таърихи таваллуд 26 январ 1950(1950-01-26) (74 сол)
Зодгоҳ ш.Хуҷанд
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Дастпарвари ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970). Ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДДОЛ (1970-76), сармуаллим, дотсент, ноибдекани факултаи забон ва адабиёти руси ДДОЛ (1976-89), корманди калони илмӣи Пажуҳишгоҳи мактабҳои миллии Вазорати маорифи Русия (1989-91), дотсент, мудири кафедраи усули тадриси забон ва адабиёти рус (1991-93). Муаллифи 2 монография, 13 барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷики барои мактабҳои русии ҶТ, зиёда аз 150 мақола. Алхол мудири кафедраи забоншиносии умуми ва типологияи мукоисавии забонҳои Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон. Депутати Мачлиси Олии ҶТ, даъвати якум (1995-2000), депутати Мачлиси намояндагони халқи в.Ленинобод (1995-2000). Иштироккунандаи як катор конфронсҳои илмӣи байналхалқи, ҷумҳурияви ва минтакави.

Осори илмӣ

вироиш
  • Система преподавания лексики тадж. яз. в рус школах. -М., 1991;
  • Преподавание тадж. яз. в 4-5 кл. рус. школ. -Д., 1991;
  • Книга для учителя. –Д., 1991; Президент Рахмонов: Человек и политик. - Алмаата, 1997.

Пайвандҳои беруна

вироиш