Саъдулло Ситамов

физикдон

Саъдулло Ситамов (7 марти 1947, деҳаи Боғи Дилкушо, ноҳияи Муъминобод — 21 январи 2022, Тоҷикистон) — физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1985), дотсент (1988). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998).

Саъдулло Ситамов
Таърихи таваллуд 7 март 1947(1947-03-07)
Зодгоҳ ноҳияи Муъминобод
Таърихи даргузашт 21 январ 2022(2022-01-21) (74 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физик
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Саъдулло Ситамов 7марти соли 1947 дар деҳаи Боғи дилкушо, мавзеъи Дуоби ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1964 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Восеъро хатм кардааст[1]. Хатмкардаи факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин. Ходими хурди илмии Инистути астрофизикаи АИ ҶТ (1969—1970), аспиранти Унверситети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1978—1981), омӯзгор, муаллими калон (1970—1988), дотсент (1988—2001), мудири кафедраи физикаи умумии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1993—2001), мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ (2001—2005), декани факултети физикаю математикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав (2001—2005). Аз соли 2008 дотсенти кафедраи фанҳои умумитехникии ҳамин донишгоҳ. Аз 10-уми августи соли 2016 то охири умр мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон буд[2].

Фаъолияти илмӣ вироиш

Дар мавзуи «Термодинамикаи корношоямшавӣ полимерҳо ҳангоми таъсири моеъҳо ва шиддатҳои мураккаб дар ҳароратҳои паст» соли 1985 дар Донишкадаи асбобсозии Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Муалифи 9 асари илмӣ-методӣ ва 1 санади татбиқи кори илмӣ дар истеҳсоли равған (Шаҳодатномаи № 64 аз 13. 09. 1984).

Осор вироиш

  • Маҷмӯъи корҳои лабораторӣ оид ба курси махсуси физикаи диэлектрикҳо. Кӯлоб, 1989;
  • Масъалаҳои тестӣ аз физика. Қӯрғонтеппа, 2008;
  • Сохтори полимерҳо ва баъзе хосиятҳои физикии онҳо. Д., 2010;
  • Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физикаи мактабӣ. Д., 2010,
  • Биофизика. Қӯрғонтеппа, 2011;
  • Технологияи иттилоотӣ ва рушду икшофи он. Қӯрғонтеппа, 2013.

Эзоҳ вироиш

  1. Рустам ТАҒОЙМУРОДОВ. 50 соли таҷрибаи омӯзгорӣ(тоҷ.). Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Анвори дониш №1 (253) (15 апрели 2017). 21 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Январ 2022.
  2. Роҳбарият. khatmedun.tj. 21 Январ 2022 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Донишномаи донишгоҳи давлатии Бохтар. — Душанбе, 2021.