Саҳли мумтанеъ (ар. السهل الممتنع‎ — осони номумкин) — дар адабиётшиносӣ шеъреро гуянд, ки гуфтани он саҳлу осон намояд, аммо мисли он натавон гуфт ё гуфтан душвор бошад[1].

Саҳли мумтанеъ баҳои олитарин аст ба сифати асари бадеӣ. Ҳамон шеъре ба ин баҳо сазовор шуда метавонад, ки тамоми унсурҳои таркибии он — интихоби мавзӯъ ва ҳалли он, жанр ва равишу сабки бадеӣ, образҳо, санъатҳои бадеӣ, вазну қофия ва ғайра бо ҳамдигар дар таносуби нозуку устуворе воқеъ гардида бошанд. Асарҳое, ки лоиқи саҳли мумтанеъ номидан мебошанд, ба туфайли арзиши баланди зебоишнихтиашон «умри ҷовидона» пайдо мекунанд. Хонанда тавассути чунин асар моҳияти ҳолату воқеотро хубтар дарк менамояд ва аз таровату назокати сухани шоир лаззат мебарад.

Осори бадеии устодони сухан — классикони адабиётро саҳли мумтанеъ метавон номид. Устод Айнӣ осори Рӯдакиро «бисёр сода ва табиъӣ», «бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар» шумурда, таъқид мекунад, ки «агар мо шеърҳои Рӯдакиро „саҳли мумтанеъ“ гӯем, мувофиқ меояд». Аксар ашъори Саъдӣ ва Ҷомӣ низ намунаи саҳли мумтанеъ мебошанд. Садриддин Айнӣ ғазали «Ёр аз дили ман хабар надорад»-и Лоҳутиро «саҳли мумтанеъ» номидааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»