Себистон (деҳа, н. Лахш)

Себистон[1][2] (то 22 марти 2022 — Ачиқалма) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сайлиободи ноҳияи Лахш. Аз Себистон то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 57 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 537 нафар (2017) — асосан қирғизҳо ва тоҷикон.

Деҳа
Себистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Лахш
Ҷамоат Деҳоти Сайлиобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина то 2022 Ачиқалма
Аҳолӣ
Аҳолӣ 537 тан (2017)
Миллият тоҷикон, қирғизҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3132
Нишонаи почта 737450

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Ғулома обёрӣ мешаванд.

Сарчашма

вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.