Савригул Қурбонова
Савригул Қурбонова (Қурбонова Савригул Қаландаровна; 12 апрели 1961, Норак, ҶШС Тоҷикистон) — раққоса ва ҳунарпешаи синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990).
Қурбонова Савригул Қаландаровна | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Селбӣ Қурбонова |
Таърихи таваллуд: | 12 апрел 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ: | Норак |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | раққоса, ҳунарпешаи синамо |
Ҷоизаҳо: | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990) |
IMDb: | ID 3868746 |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1988). Солҳои 1978—1981 раққосаи ансамбли «Зебо»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 1981—1985 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1985—2000 сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии «Лола», 2000—2003 роҳбари бадеии ансамбли «Сомон» кор кардааст. Ҳаяҷонбахшу латиф мерақсид, хандону фаттон арғушт мерафт, сӯзону ларзон ба худ мепечиду меситезид. Ба мағз-мағзи мазмуни суруд ва маънии оҳанг мерасид ва ин ҳамаро пайкараш бо ҳаракати ҷаззоб хеле равшану возеҳ ифода мекард. Дар рақсҳояш навои рӯҳбахши ҳаёт эҳсос мегардид.
Синамо
вироишСавригул Қурбонова аз 15 солагӣ дар филмҳо нақш офаридааст. Дар филмҳои «Агар дӯст дорӣ…», «Хоҷа Насриддин», «Муҷассамаи ишқ», «Худкуш», «Бигзор ҳамаи ин хоб бошад» ва дар студияи «Ленфилм» чанд нақши марказиро бозидааст[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҳимаи Аъзам. МАРО БО НОМИ САНАМ МЕШИНОСАНД…. www.bonuvon.tj. Бонувони Тоҷикистон (18 марти 2013). 3 Декабри 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.