Селдара
Селдара [1] —дарёест, ки аз ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мегузарад. Яке аз ду ҷузъи Муксу. Шохҳои асосии калон — Баландҳик ва Душворгузар (ҳар ду аз рост).
Мушаххасот | |
---|---|
Тӯл | 19 км |
Ҷараёни об | |
Сарчашма | Пиряхи Федченко |
• Координатаҳо | 39°04′34″ с. ш. 72°19′38″ в. д.HGЯO |
Резишгоҳ | Муқсу |
• Координатаҳо | 39°10′01″ с. ш. 72°15′07″ в. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Кишварҳо | Тоҷикистон |
Минтақа | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Ноҳия | Ноҳияи Мурғоб |
Тӯл — 19 км. Масоҳати ҳавза 3290 км² аст. Миқдори шохобҳои дарозиашон камтар аз 10 км 11 адад буда, дарозии умумии онҳо 21 км [2] аст. Маҷрои об дар тобистон ба 300 м/с мерасад.
Дарёи селдара аз дарозтарин пиряхи Авруосиё —Федченко сарчашма мегирад. Дар худи ҳамин ноҳия шохоби аввал ва калонтарин шохоби рости худ Баландкиикро гирифта, ба самти шимол равон мешавад. Минбаъд, пеш аз Қаторкӯҳи Каюмарс маҷрои дарё аз самти шимол ба ғарбро тағир ёфта, дар баландии 2745 метр аз сатҳи баҳр дуюмин шохоби рости худ — Кайндиро мегирад. Бо дарёи Саукса якҷоя шуда, дарёи Муксуро ташкил медиҳад [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Шаблон:Харита/Бк/J
- ↑ Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 14. Бассейны рек Средней Азии. Вып. 3. Бассейн р. Аму-Дарьи / под ред. В. Ф. Федотовой. — Л.: Гидрометеоиздат, 1967. — 323 с.