Семён Герштейн
Герштейн Семён Соломонович (13 июл 1929, Ҳорбин[d] — 20 феврал 2023, Маскав) — физикдони шӯравӣ; академики АИ Русия (2003), узви вобастаи АИ ИҶШС (1984).
Таърихи таваллуд | 13 июл 1929 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 20 феврал 2023 (93 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Власов, Анатолий Александрович |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи шуъбаи физикаи ҳастаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1951). То соли 1954 дар вилояти Калуга омӯзгор буд. Соли 1955 ба аспирантура дохил гардид. Солҳои 1958 −1960 баъди дифои рисолаи номзадӣ Семён Герштейн ҳамчун ходими хурди илмӣ дар Институти физикаю техникаи Ленинград кор мекард. Проф. Институти физикаю техникаи Маскав, доктори илмҳои физикаву математика (1963). Аз соли 1979 ходими калони илмии Институти физикаи энергияҳои баланд интихоб гардид. Семён Герштейн муаллифи қариб 200 китоб ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Таҳқиқоти Семён Герштейн, асосан, ба соҳаи физикаи энергияҳои баланд, физикаи назариявӣ, физикаи зарраҳои бунёдӣ, физикаи ҳаста ва астрофизика бахшида шудаанд. Якҷо бо Я. Б. Зелдович қонуни бақои ҷараёни векториро дар майдони таъсири мутақобилаи суст кашф намуда, ҳудудҳои болоии массаи нейтринои мюониро муқаррар кард. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС. Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Герштейн Семён Соломонович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.