Сергей Викторович Скрипал (зод. 23 июн 1951, Калининград[d]) — ҷосуси низомии шӯравӣ, рӯс ва бритониёӣ, то соли 1999 корманди ГРУ, полковник. Дар соли 2006, барои хиёнат ба давлати Россия ҳамчун ҷосус ба манфиати хидматрасониҳои махсуси Британияи Кабир аз рутбаи ҳарбиаш маҳрум гардонида шуд. Аз соли 2010, баъди иваз намудани ҷосусон байни Россия ва ИМА, дар Британияи Кабир шаҳрвандиро соҳиб шуда[1] зиндагӣ мекунад, шаҳрвандии Россияро низ дорад[2].

Сергей Скрипал
русӣ: Сергей Викторович Скрипаль
Зодрӯз 23 июн 1951(1951-06-23) (73 сол)
Таърихи даргузашт
Солҳои хидмат Main Intelligence Directorate (Soviet Union)[d], Secret Intelligence Service[d], Ministry of Internal Affairs of the Russian Federation[d] ва Ministry of Foreign Affairs of the Russian Federation[d]
Қисм полковник

4 марти соли 2018 дар шаҳри Солсбери, Скрипал ва духтараш Юлия, гирифтори беҳушкунии маводи заҳровар гаштанд. Ба ақидаи Ҳукумати Британияи Кабир (хуҷҷатҳои исботпазири аз тарафи Британияи Кабир пешниход нашудааст), дар ин кор Россия шарик аст, аммо роҳбарияти Россия ҳама гунаҳкорсозиҳоро рад мекунад. Ин ҳодиса ба моҷарои калони байналхалқи табдил ёфт, ки дар натиҷа зиёда аз 30 кишварҳо ва ташкилотҳо сафирони Россияро хориҷ карданд.

  1. Russian spy: May to announce measures against Russia(пайванди дастнорас — таърих). Би-би-си (14 марти 2018). 14 марти 2018 санҷида шуд.
  2. Джонсон: у Великобритании есть доказательства разработки "Новичка" в России Путина(пайванди дастнорас — таърих). Newsru.com (18 марти 2018). 18 марти 2018 санҷида шуд.