Лидия Сечкина

муаррихи шӯравӣ
(Тағйири масир аз Сечкина, Лидия Петровна)

Лидия Сечкина (русӣ: Лидия Петровна Сечкина; 12 март 1927, Орёл11 январ 2021, Бустун) — таърихнигори шӯравӣ ва тоҷикистонӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Лидия Сечкина
Таърихи таваллуд 12 март 1927(1927-03-12)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 январ 2021(2021-01-11) (93 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих[d]
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Лидия Петровна Сечкина 12 марти соли 1927 дар шаҳри Орёл таваллуд шудааст. Соли 1951 баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинград ба сифати муаррихи шарқшинос ба филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамон сол ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил ёфт ва имрӯз ниҳоди миллии илмист, ба кор даъват шуд. Замони ба кор омадани Лидия Сечкина устод Садриддин Айнӣ президенти Академияи илмҳои кишвар буд. Ҳамин тавр, фаъолияти муаррих ба Тоҷикистон пайваст ва ӯ шуруӯъ аз соли 1951 то соли 1992 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ба сифати ходими хурд, ходими калон ва ходими пешбари илм фаъолият кард. Дар ин ҷо рисолаи номзадиву докторӣ дифо намуд ва барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон нақши мунир гузошт. Бо шуруъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ соли 1993 Лидия Сечкина ҳамроҳи оилааш ба Амрико кӯч баст[1].

Таълифот

вироиш

Тӯли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон Л. П. Сечкина зиёда аз 70 асари илмӣ нашр кард, ки муҳимтарини онҳо китобҳои «Доблестные сыны Таджикистана на фронтах Отечественной войны (1941—1945 гг.)»; «Твои герои, Таджикистан: Об участниках Великой Отечественной войны из Таджикистана, удостоенных звания Героя Советского Союза»; «Таджикистан в годы Великой Отечественной войны, 1941—1945» мебошад. Таълифоти охири Л. Сечкина дар ҷилди 5-уми китоби «Таърихи халқи тоҷик» (2012) ба нашр расидааст. Саҳми Л. П. Сечкина дар илми тоҷик дар энсиклопедияи «Historical Dictionary of Tajikistan», ки соли 2018 дар ИМА ба нашр расид, қайд шудааст.

Даргузашт

вироиш

Лидия Сечкина 11 январи соли 2021 дар шаҳри Бостони ИМА бар асари бемории куруно даргузашт[2].

  1. Одил Нозир. Муаррихи тоҷик Лидия Сечкина дар Амрико даргузашт(тоҷ.). Pressa.tj (13 Январ 2021). 19 Декабри 2024 санҷида шуд.
  2. Камолудин Абдуллоев. Не стало Лидии Сечкиной – ведущего историка Таджикистана(рус.). www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (12 Январ 2021). 19 Декабри 2024 санҷида шуд.