Тухмипошак

(Тағйири масир аз Сеялка)

Тухмипошак (русӣ: сеялка) — мошинест, барои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва рустаниҳои хӯроки чорво. Тухмипошакро барои кишти тухми буттаву дарахтони ҷангал (ниҳолпарварӣ), инчунин нурипошӣ ба кор мебаранд.

Тухмипошаки муосир

Гурӯҳбандӣ

вироиш

Тухмипошак аз рӯи тарзи кишт қаторӣ, чоркунҷаи тоқатоқа, раста-раста, якхатта, пошдиҳанда ва ғайра мешавад. Тухмипошакҳоро ба гурӯҳҳои махсус ва муштарак тақсим мекунанд. Тухмипошаки муштаракро барои кишти зироатҳои гуногун (масалан, бо тухмипошаки ғалладона ва ғалладонаи хӯроки чорво, ғалладона, лӯбиёиҳо, зироати равғандор, рустаниҳои хӯроки чорво, зироати нахдор ва ғайраро кишт кардан мумкин аст), тухмипошаки махсус (тухмипошакҳои лаблабу, пахта, ҷуворимакка, сабзавот ва ғайра)-ро бошад, асосан барои кишти як навъи зироат истифода мебаранд.

Тухмипошакеро, ки бо нурипошак таҷҳизонида шудааст ва барои ба замин андохтани нурӣ истифода мебаранд, тухмипошаки муштарак меноманд.

Тухмипошакҳо тракторӣ (овеза ва ядакй) аспӣ ва дастӣ мешаванд.

Корбурд дар ИҶШС

вироиш

Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ фақат тухмипошакҳои тракториро мебароварданд. Дар даврони шуравӣ барои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ плуг-тухмипошак, тухмипошак—култиватор, заминковоккунак—тухмипошакро низ истифода мебуранд.

  • Плуг-тухмипошак, ки бо олоти плугӣ, тухмидону тухмикорак ва тухмирезакҳо ҷиҳозонида шудааст, дар як вақт ҳам шудгор ва ҳам кишт мекунад.
  • Тухмипошак-култиватор баробари кишт заминро нарм карда, алафҳои бегонаро мебурад, ба радаҳо нурӣ мепошад ва мола мекунад.

Сарчашма

вироиш